Бароъати истеҳлол: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Бароáти истеҳлóл''' (аз {{lang-ar|براعت استهلال}}; ''бароат'' – [[санъат]], [[малака]], дониш ва [[''истеҳлол]]'' – [[гиря]]и нахустини [[кӯдак]] пас аз [[таваллуд]], [[оғоз]], [[сарсухан]]) — дар илми бадеъ яке аз санъатҳои бадеии маънавист.
 
== Талаботи санъат ==
Сатри 5:
 
== Намунаҳои бароат ==
Беҳтарин намунаи бароати истеҳлол «Дебоча»-и [[«Гулистон» (Китоб)|«Гулистон»]][[Саъдӣ]] дониста шудааст, ки дар он омадааст: ''«...ҳар чӣ напояд, дилбастагиро нашояд.... Барои нузҳати нозирон ва фусҳати хотирон китоби «Гулистон» тавонам тасниф кардан, ки боди хазонро бар варақи ӯ дасти татовул набошад...»''. Ин қабил шиносонидани асарҳо ва ба мутолиаи асар ҷалб намудани хонанда дар осори аксар шоирони классики форс-тоҷик ва муосир ба назар мерасад. Масалан, [[Фирдавсӣ]] дар оғози достони «Сӯҳроб» («Рустам ва Сӯҳроб») абёти зеринро оварда, хонандаро ба мутолиаи достон даъват мекунад:
:: Кунун разми Сӯҳробу Рустам шунав,
:: Дигарҳо шунидастӣ, ин ҳам шунав.
Сатри 16:
:: Агар марг дод аст, бедод чист?
:: Зи дод ин ҳама бонгу фарёд чист?
«Найнома»-и [[Ҷалолиддини Румӣ|Ҷалолуддини Румӣ]] (оғози [[Маснавии маънавӣ|«Маснавии маънавӣ»]]) низ намунае аз бароати истеҳлол мебошад. Санъати бароати истеҳлолро дар оғози достони «Кремл»-и А.[[Абулқосим Лоҳутӣ]], «Садои Осиё»-и М.[[Мирзо Турсунзода]] ва ғ.ғайра дидан мумкин аст. Дар оғози достони «Садои Осиё» омадааст:
:: Осиё гӯяд сухан овози онро бишнавед,
:: Мавҷи дарё, ғурриши баҳри дамонро бишнавед.