Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
илова
Сатри 30:
* Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Латифзода Асрор Қурбон
* Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ, полковник Ҳусайнзода Солеҳ Ҳусайн
* Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ - сардори Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, генерал-майор Маҳмадзода Сӯҳроб Талбак
 
== Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ==
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо афсарони касбӣ зарурат пеш омад. Аз ин лиҳоз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 ва бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1992 дар пойгоҳи Техникуми геологӣ ''Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ-муҳандисӣ'' ташкил карда шуд. Гурӯҳи аввалини донишҷӯёни шомилшуда ба Коллеҷи мазкур бори нахуст [[23 феврал]]и [[соли 1993]] дар рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди ҳарбӣ ёд намуда, дар гузаронидани намоиши ботантанаи ҳарбӣ фаъолона иштирок намуданд.
Таъсисиси ''Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ – муҳандисӣ'' ба даврае рост омад, ки дар кишвар муноқишаҳои дохилӣ, яъне ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Бо гузашти вақт теъдоди муҳасилини Коллеҷ афзуда хоҳишмандони таҳсилкунанда дар ин муассисаи таълимӣ зиёд гардид. Ҳамзамон доираи фаъолияти колеҷ низ васеъ шуда, бо биноҳои нави таълимӣ таъмин карда шуд.
Бо назардошти ин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз [[30 апрел]]и [[соли 2002]] Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ – муҳандисӣ ба ''Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа'' табдил дода шуд.
Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ягона муассисаи олии ҳарбӣ мебошад, ки барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат афсарони касбиро омода менамояд. Таҳсил дар ин муассисаи олии ҳарбӣ ройгон ба роҳ монда шуда, чор сол давом мекунад. Хатмкардагони Донишкадаи ҳарбӣ имрӯзҳо дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар адои вазифа намуда, саҳми хешро дар ҳифзи марзу бум ва суботи сиёсии мамлакат гузошта истодаанд. Ҳоло Донишкадаи ҳарбӣ дорои биноҳои махсуси таълимӣ, хобгоҳ, майдони варзишӣ, дармонгоҳи тиббӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, осорхонаи «Шарафи Ҷангӣ», парки автомобилӣ, ҷойи тирпарронӣ, китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва лингафонӣ, майдончаи тактикӣ, оркестри мусиқачиёни ҳарбӣ, маркази таълимии «Лоҳур», ошхонаи замонавӣ буда, ҳамаи онҳо мавриди истифодаи афсарон, прапоршикҳо, курсантҳо ва сарбозон қарор доранд.<ref>=[http://mort.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=343%3A2016-10-18-04-49-08&catid=66%3A2016-01-27-11-06-11&Itemid=72&lang Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа]</ref>
 
== ВАО дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ==