Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъйин гардидааст, ташкил медиҳад.[1]

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
Кишвар
Включает в себя
Афсар-фармондеҳ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 таъсис ёфтааст. Бинобар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 23 феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад[2].

Вазифаҳо

вироиш
 

Вазифаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

  • Зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор;
  • Ҳифзи фазои ҳавоии давлат;
  • Муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ;
  • Ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ;[3]
  • Иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз ўҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд. (қҷт 28.12.05 № 141)
  • Ҷалб кардани қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳо, ки ба таъйиноти онҳо вобастагӣ надоранд, танҳо дар асоси Қонун ё Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амалӣ мегардад.[4]

Ҳайати Қувваҳои мусаллаҳ

вироиш
 

Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1993—1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд. Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар заминаи Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.[5]

Қӯшунҳои хушкигард

вироиш

Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚХ ҚМҶТ) соли 1993 ташкил шуда аз сершумортарин навъи Қувваҳои мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои хушкигард 70 дар сади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қӯшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд.

  • Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Муминзода Бахтиёр Мумин аст.

Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ

вироиш

Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҲҲ ва МЗҲ ҚМҶТ) аз нахустин навъи Қувваҳои мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ бошад, нисбат ба Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ҷавон буда, он соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида шуданд. Ҳайати шахсӣ ва ҳавопаймою чархболҳои ҷангии ҚҲҲ аз рӯзҳои аввали фаъолияти Артиши миллии ҷумҳурӣ дар ҳифзи сохти Конститутсионии Тоҷикистони навбунёд аз худ саҳми арзандае гузоштаанд.

  • Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Раҳмоналӣ Сафарализода аст.

Қӯшунҳои зудамал

вироиш

Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚЗ ҚМҶТ) дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерӯҳо ва дар маҷмӯъ зудамал ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст. Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъйиноти махсус, Полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.

  • Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Миралӣ Раҳматзода аст.

Фармондеҳон

вироиш
 
Шералӣ Мирзо
 
Эмомалӣ Собирзода
  • Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — генерал-полковник Шералӣ Мирзо (аз 20 ноябри соли 2013)
  • Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ — муовини якуми вазири мудофиа, генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Ғуломзода Абдулҳошим
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Латифзода Асрор
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ полковник Ҳукмиддинзода Хайриддин
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ — сардори Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, генерал-майор Маҳмадзода Суҳроб(?)

Расонаҳо дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ

вироиш

Дар гузориши радиои «Озодӣ» (19 январи 2016) чунин маълумот оварда шудааст: «ш аз 8 миллион аҳолиаш, беш аз 3 миллион фарди қобили хидмат дорад, буҷаи дифоиаш 75 миллион доллар ва қарзи берунааш — беш аз 2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин кишвар 37 танк, 46 зиреҳпӯш, 10 тӯпхона ва 3 шабакаи мушакандоз дорад. Шумори умумии ҳавопаймоҳояш 25 адад, аз миёни онҳо 15 ҳавопаймои боркаш аст.»[6]

Изҳорот

вироиш

Пайвандҳо

вироиш