Ҷорҷ Вашингтон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 40:
Ҷорҷ Вашингтон сарчашмаи таърихи миллии Амрико аст. Ӯ дар муборизаи озодихоҳии сенздаҳ собиқ мустамликаҳои [[Подшоҳии Муттаҳида| Британиёи Кабир]] ва ба иттиҳоди ҷумҳуриҳои [[иёлот]]ҳои мустақил ва таъсиси якумин давлати федеративии ҳозиразамон ИМА ширкат варзидааст. Дар Вирҷиния ва дар Конгреси Континенталӣ ӯ ба гурӯҳе таалуқ дошт, ки ба муқобили сиёсати [[Подшоҳии Муттаҳида| Британиёи Кабир]] мубориза мебурд.
 
== Фаъолият ==
Солҳои 1758 – 1774 Вашингтон ба Маҷлиси Қонунгузории Виҷиния интихоб шудааст ва дар он ҷо барои дифои ҳуқуқҳои мустамлика зидди метрополия баромад кардааст. Ӯ яке аз вакилони Конгресси якуми континенталӣ буд. Баъди задухурдҳои низомӣ бо [[Британияи Кабир]] аз оштӣ шудан дасткашида боз ба хидмати низомӣ баргашт ва ниҳоят дар натиҷаи интихобот, якдилона сарфармондеҳи Артиши континенталӣ таъин шудааст. Ӯ ҳамчун сарфармондеҳи қӯшунҳои амрикоӣ муқобилиятро бар зидди ҳукумати метрополия - [[Подшоҳии Муттаҳида|Британиёи Кабир]] ташкил ва ба уҳда гирифт, ки баъд аз ҳашт соли ҷанг ба муcтақилияти ИМА оварда расонид. Боварӣ ва зарурат ба ҳукумати пурқуват ва марказӣ дар коркард ва қабули сарқонуни нав [[Конститутсияи ИМА]] дар солҳои [[1787]]—[[1788]] ширкат варзид. Дар вазифаи президентӣ ИМА асосҳои давлати ҷумҳуриявӣ - федеративиро барпо кард, то ки амрикоиҳо ҳамдигарфаҳмии миллиро ёбанд.Вашингтон артишро ба тарзи нав ташкил намуд, ба вай сарварӣ мекард ва ҳамроҳи он аз муҳосираи [[Бостон]], соли 1776 сар карда то таслимшавии қӯшуни англисӣ назди Йорктаун соли 1781 буд. Моҳи ноябри соли 1783 баъд аз ба имзо расидани Шартномаи сулҳи Париж, ӯ ба истеъфо баромад ва ба Маунт-Вернон баргашт.
 
Line 45 ⟶ 46:
 
Мақоми президентиро тарк намуда Ҷорҷ Вашингтон ба Маунт-Вернон баргашт ва зуд-зуд пойтахти сохта шудаистодаро хабар мегирифт. Конгресс ба Ҷордҷ Вашингтон унвони «Падари Ватан»-ро эҳдо намудааст. Ҳангоми муташаниҷ гардидани муносибат бо Фаронса, соли 1798 Вашингтон ба таври рамзӣ сарфармондеҳи артиш таъин шуда буд. Ҷорҷ Вашингтон [[15 декабр]]и [[соли 1799]] вафот кардааст. 18 декабр дар Маунт-Вернон ба хок супорида шудааст.
 
Ӯ нахустин президенте мебошад, ки бар зидди [[Подшоҳии Муттаҳида| Британиёи Кабир]] барои истиқлолияти давлатӣ мубориза бурдааст ва бо рохбарии ӯ Амрико аз зулми Англия комилан озод шудааст. Барои нигоҳ доштани поси хотири Ҷорҷ Вашингтон, пойтахти ИМА ва дигар сохторҳои маъмуриву давлатии кишвар ба номи ӯ номгузорӣ шудаанд.