Мулло: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 2:
'''Мулло''' ({{lang-ar|مُلَّا}} — ''пурдон, бисёрдон'') — ходими [[дини ислом]], махдум, [[олим]]и [[мадраса]], олими [[дин]] ва шариат.
 
== Истилоҳ ==
Мулло баргирифта аз мавлои тозӣ ба маънои устод, муаллим, одами фозил, дарсхонда ва босавод; назди мардуми авом касе ки саводи хондану навиштан дошта ва назди мардуми босавод касе ки таҳсилоти амиқи илмӣ дошта бошад; ба ақида баъзеҳо касе, ки саводи хондан дорад, вале навишта наметавонад, дар муқобили мирзо, ки саводи хондан ва навиштан ҳардуро дорад. Лақаби уламои дин – касе ки илмҳои фиқҳ, усули фиқҳ, тафсир ва дигар илмҳои диниро донад. Дар Ирон рӯҳониёни яҳудӣ ва зардуштиро низ гоҳе мулло гӯянд, ба монанди Мулло Пинос, Мулло Фирӯз ва ғайра ва гоҳ толибилмон ба унвони шӯхӣ дар аввали номи китобҳо калимаи муллоро дароваранд, ба монанди Мулло Нисоб, Мулло Исогуҷӣ, Мулло Ҷомӣ ва ғайра.
 
== Шахсияти мулло дар фолклор ==
Шахсияти мулло ба сабаби ҷойгоҳи динӣ ва сафои маънавие, ки дошта, ба рӯҳи фарҳанги оммиёна даромехта ва дар чакомаҳои фолклорӣ ва корбурдҳои танзӣ ба таври зарифе аз он ёд шудааст, чуноне дар бораи шахсе, ки ҳамроҳ бо илм ахлоқи ҳамида, одоби неки муошират ва расми одамиятро касб накунад, гӯянд: ''Мулло шудан осону одам шудан душвор'' ва ё:
 
''Муллову фақеҳу суфию донишманд,''
 
''Ин ҷумла шудӣ, валек одам нашудӣ!''
 
(аз Амсолу ҳикам)
 
Гуфтаи мардум: ''Нимчатабиб балои ҷон, нимчамулло балои имон'' масалест дар шаъни одами камсавод ва нимакора ва мулло шудан ба маънои илм гирифтан ва босавод шудан аз корбурдҳои мураккаби он аст.
 
Аз аҳди қадим ҳокимонро расм бар ин буда, ки барои таҳкими пояҳои ҳукми хеш табақае аз муллоёнро ба дарбор бикашанд ва ба ин васила ба ҳукми худ виҷҳаи шаръӣ бахшанд. Ин тоифаи муллоёнро дар фарҳанги омма муллоёни дарборӣ, муллобошӣ ва ғайра гӯянд
 
== Ҳамчунин нигаред ==
* [[Охунд]]
 
== Адабиёт ==
* [[Донишномаи Брокгауз ва Ефрон|Энциклопедический словарь Ф. Брокгавз – И. Ефрон]]. – Москва, 2003;
* Ислам: энциклопедический словарь. – Москва, 1991.
* لغت نامۀ دهخدا. – تهران، روایت چهارم؛ دانش نامۀ دانش گستر، ج. 15. تهران، 2010.
 
==Манбаъ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Мулло"