Шофеъӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
 
== Мактаб ==
Мазҳаби шофеъӣ ҳарчанд ба мактаби аҳли ҳадис наздикии зиёде дорад, вале аз мазҳаби ҳанафӣ, ба хусус аз назароти фиқҳии имом Муҳаммади Шайбонӣ (рҳ), хеле мутаассир гардидааст. Аз ин рӯ, он фарогири шеваи аҳли ҳадис ва аҳли раъй ва дар воқеъ талфиқ ва омезае аз ин ду тариқа аст. Дар миёни Шофеъӣ (рҳ) муассиси мазҳаб, ки шогирди имом Молик (рҳ) аст ва имом Муҳаммад (рҳ) – шахсияти сеюм дар мазҳаби ҳанафӣ пайвандҳои амиқи илмӣ ва муколамоти ҳузурӣ барқарор буд, ки ҳарду машраб дар рехтани пояҳои шахсияти вай ва пас аз он дар бинои аркони мазҳабаш муассир будаанд<ref>Ба ақидаи оммаи муҳаққиқон, имом Шофеъӣ (рҳ) фиқҳи ҳанафиро аз имом Муҳам­мад (рҳ) ва таълифоти вай фаро гирифта ва барои ин кор муддате дар Ироқ назди имом Муҳаммад (рҳ) ба сар бурдааст, амре, ки худи имом Шофеъӣ (рҳ) низ ба он эътироф кардааст. Ин воқеият аз сӯи муҳаққиқони ҳанафӣ ба маънои шогирдии имом Шофеъӣ (рҳ) аз имом Муҳаммад (рҳ) таъбир шуда, вале чун ин таъбир, яъне шогирдӣ кардани шахсияте ба мисли имом Шофеъӣ (рҳ) назди имом Муҳаммад (рҳ) барои пайравонаш гарон омада, онро ба шаъни ӯ муносиб надонистаанд, мо ҳам барои риояи хотири дӯс­тон аз он ба муровадаи илмӣ, муколамаи ҳузурӣ ва гуфтушуниди ду ҳамтои илмӣ таъ­бир кардем. Вале ҳарчи буда, воқеият ин аст, ки имом Шофеъӣ (рҳ) аз имом Муҳаммад (рҳ) бештар аз он омӯхта, ки имом Муҳаммад (рҳ) аз вай.</ref>.
 
== Густариш ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Шофеъӣ"