Борбад: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
таҳрир
х clean up, replaced: {{Зиндагинома → {{Шахсият, |Номи тоҷикӣ → | ном , |Номи аслӣ → | номи аслӣ , |Акс → | тасвир , |Зодрӯз → | санаи using AWB
Сатри 1:
{{Шахсият
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣном =Борбад
|Номи номи аслӣ = ({{lang-fa| باربد}})
| тасвир =
|Акс= noimage.gif
|Зодрӯз санаи таваллуд = [[585]]/[[589]]
|Зодгоҳ зодгоҳ = [[Марв (шаҳр)|Марв]]
|Даргузашт санаи марг = [[628]]/[[638]] [[Тайсафун]]
|Вазифа навъи фаъолият = [[сароянда]], [[навозанда]], мусиқидони форс-тоҷик
}}
'''Борбад''' ({{lang-fa| باربد}}) (тақр. 585 – 589, Нисо (Нусай), [[Марв (шаҳр)|Марв]] – 628 – 638, Тайсафун) — [[сароянда]], [[навозанда]], мусиқидони форс-тоҷик, асосгузори маҷмӯи силсилавии мусиқии устодонаи форсӣ-тоҷикӣ ва Шарқ. Бо номҳои ''Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад, Фаҳлбоз'' (Pahlapat, Fahlbad, Fahlbaz) ҳам ёд мешавад.
 
Маънои калимаи «Борбад» дар забони паҳлавӣ (форсӣ-тоҷикии миёна) — {{иқтибос|муаллиф= |
Сатри 19:
Оид ба зиндагӣ ва эҷодиёти Борбад дар манобеи хаттии тоисломӣ, давраи исломии асрҳои миёна тавсифоти зиёд зикр ёфта, аз шӯҳрат ва маҳорати эҷодию иҷроиаш бисёр сухан меравад. Ӯро муаллифи 30 лаҳн, 365 оҳангу тарона, 7 дастони «Хусравонӣ», бунёдгузори сабки «Марвисраишних» (марвихонӣ), муассису танзимгари «тақвими мусиқӣ» дар тамаддуни мусиқии мардуми Шарқи Миёнаю Наздик, тадвингари аввалин мактаб, равияи устодонаи иҷроӣ ва ғ. донистаанд. Ихтирооти мусиқии Борбад воқеан дар шаклгирии бисёр жанру анвои на фақат мусиқии мардуми эронӣ, балки дигар халқҳои Шарқ заминаи асосӣ гузошт. Хусусан 30 лаҳни Борбад аз ихтирооти нодири созию овозӣ маҳсуб ёфта, минбаъд асоси шӯъба, гӯша, шохаҳои созию овозии мақомҳо (12 мақом, 12 парда, ҳафтдастгоҳ, шашмақом) гардидаанд. Дар сарчашмаҳои хаттии таърихию адабӣ (фарҳангҳои форсии тоҷикӣ, достони “Хусрав ва Ширин”-и Низомии Ганҷавӣ ва ғ.) ному адади сӣ лаҳни Борбад ба таври гуногун омада ва номҳои асосии он тибқи манобеи хаттии мусиқӣ ва манзумаи маликушшуаро Баҳор чунин аст: “Ороиши Хуршед”, “Оини Ҷамшед”, “Аврангӣ”, “Боғи Ширин”. “Тахти Тоқдис”, “Ҳуққаи Ковус”, “Роҳу рӯҳ”, “Фаррухрӯз”, “Ромиши ҷон”, “Сабз дар сабз”, “Сарвистон”, “Сарви сиҳӣ”, “Шодурвони Марворид”, “Шабдиз”, “Қуфли румӣ”, “Ганҷи бодовард”, “Ганҷи сӯхта”, “Кини Эраҷ”, “Кини Сиёвуш”, “Моҳ бар кӯҳон”, “Мушкдона”, “Марвои нек”, “Мушкмолӣ”, “Меҳргонӣ”, “Ноқус”, “Навбаҳорӣ”, “Нӯшинлабон”, “Нимрӯз”, “Нахчиргон”, “Ганҷи гов”. Сӣ лаҳн ва дигар таснифоти Борбад воқеоти таърихӣ, фарҳангӣ, ҷашну маросимҳо, корномаю ҷаҳонкушоиҳо, саргузашти родмардони таърихи бостони мардуми эрониро баён намудаанд.
 
Борбад ба сифати устоди фарҳангистони (ramishsray) ҳунари Сосониён дар табақабандии даста, гурӯҳҳои ҳунарӣ, коргузории гурӯҳҳо (мусиқии дарборӣ, мусиқии ҳарбӣ, мусиқии маросимӣ, мусиқии размӣ, мусиқии базмӣ ва ғ.) хидмати шоиста намуда, барои ҳар гурӯҳи ҳунарӣ таснифоти мусиқӣ сохтааст. Ҳар дастаи тартибдодаи Борбад худ роҳбаре дошт, ки онро «хуррамбош» (xwarambach) ва ё «хуниёкиҳ» (huniyakih), «хуниёакар» (huniyakar – роҳбари мусиқӣ) мегуфтанд. «Сарпарастии ҳамаи дастаҳои созию овозиро Борбад ба ӯҳда дошт ва ин рутбаро “гасангуфт” (qasanqoft), гасанрийшниҳ» (qasansrayishnih, яъне сарвару раҳнамои сурудгӯён, навозандагон) меномиданд. Борбад дар вусъати ҳунарии дастаҳои касбии иҷроии беруназдарбории замони Сосониён бо номи «гасаник» – qasanik (сурудгӯён), «гасангуфт» (qasanqoft), «гавасан» (qavasan), гавасансроишан (qavasansrayishan – мутрибон, устодони сароянда, мусанниф), «равиустадан» (raviystadan – гӯяндагони достонҳои таърихию ҳамосӣ), «нивакустадан» (nivaqystfdan – сознавозон, оҳангсозон, сароянда – навозанда) ва дигар табақаю гурӯҳҳои мусиқӣ низ саҳми хоси эҷодию иҷроӣ доштааст. Низоми мусиқии мураттабнамудаи Борбад дар рушди пояҳои касбияти мусиқӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва масъуляти аҳли мусиқӣ дар ҷомеа нақши муҳим бозидааст. Борбад инчунин дар табақабандии овозҳои иҷроӣ, яъне занона (зананик– zananik) ва мардона (марикавач – mardikawach) асарҳои созию овозӣ тасниф кардааст. Масалан, барои занони овозхон бо номи «Таҳнис» (Tahnis) асарҳо офаридааст. Образ, шахсият ва мероси мусиқии Борбад дар осори хаттии форсию арабизабон зиёд ба қалам омада (достонҳои Фирдавсӣ, Низомӣ, Амир Хусрав, ғазалу қасоиди классикони форс-тоҷик ва араб), рисолаҳои назариявӣ, таълифоти қомусӣ (Форобӣ, Котибии Хоразмӣ, Ибни Зайла, Насируддини Тӯсӣ, Қайси Розӣ ва дигарон) ба нақши ӯ дар поягузории мусиқии классикии мардуми Шарқ баҳои баланд додаанд. Ҳамчунин дар донишномаҳою тадқиқоти назариявии замони шӯравӣ, пажӯҳишгарони Европа доир ба саҳми Борбад дар бунёди маҷмӯи силсилавии мусиқӣ, хоса санъати мақомхонӣ натиҷагириҳои ҷолиб рӯи кор омадаанд, ки ин хулосаҳо бар пояи ахбори мӯътамади хаттии замони Сосониён ва баъдӣ тавзеҳ шудаанд.
 
Баробари дар санъати мусиқии устодона (мақомҳо) таъсир доштани осори Борбад, инчунин яке аз сабк, шакли иҷроию эҷодии хеле қадимии мусиқӣ, ки дар анъаноти эҷодиёти бадеии тоҷикон нақши муассир дорад ва он бо номи «марвӣ» ([[мавригӣ]]), «Марвича», «Марвихонӣ» маъруф аст, бо шахсияти ин устоди мусиқӣ иртибот дорад. Ин сабки эҷодию иҷроӣ то имрӯз дар анъаноти мусиқии тоҷикон барҷост.
Сатри 34:
* Раҷабов А. Традиции классической музыкальной културы эпохи Сасанидов, Душанбе, 2005;
* Борбад: эпоха, традиции и наваторство. Душанбе, 2010;
* Донишномаи ҷаҳони ислом, ҳарфи Б , ҷузваи дуввум. Теҳрон,1371.<ref>Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. – с. 46 ISBN 978-99947-49-13-3 </ref>
== Ҳамчунин нигаред ==
==Нигаред==
* [[Шашмақом]]
 
== МанбаъСарчашма ==
<references/>
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Оҳангсозони форсу тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Шашмақом]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Борбад"