Ҳодӣ Кенҷаев: Тафовут байни таҳрирҳо

no edit summary
No edit summary
No edit summary
|истеъфо =
}}
'''Ҳодӣ Кенҷаев''' (''Кенҷаев Ҳодӣ Исобоевич;'' [[7 ноябр|7 ноябри]] [[Соли 1914|1914]]-?, Қистакӯз — [[23 феврал|23 феврали]] [[1992]], [[Тоҷикистон]]) — лейтенанти хурди Артиши Шӯравӣ, иштирокчии [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]], Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ([[Соли 1943|1943]]).
 
== Зиндагинома ==
Кенҷаев Ҳодӣ Исобоевич 7 ноябри соли 1914 дар деҳоти «Қистакӯз» (ҳозира «Хистеварз»)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аз соли 1938 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат намуда, соли 1939 мактаби командирони хурдро хатм намуда, рутбаи командири хурди расчёти артиллериро гирифтааст. 23 сентябри соли 1943 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ миёни тоҷикон  Ҳодӣ Кенҷаев аз аввалинҳо буд, ки бо унвони олӣ - Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардонида шуд.
Ҳодӣ Кенҷаев [[25 октябр]] ([[7 ноябр]])-и [[соли 1914]] дар кишлоқи [[Бӯстон (шаҳр)|Қистақуз]] (ҳоло — Бӯстони [[Вилояти Суғд|вилояти Суғди]] [[Тоҷикистон]]) ба дунё омадааст<ref name="wh">{{Warheroes|id=7036}}</ref>.
 
Ӯ дар баробари иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ будан, дар ҷанги зидди Япония низ ширкат  намудааст. Баъди ҷанг дар вазифаҳои роҳбарии партиявию давлатӣ кор кардааст. 
 
Солҳои 1946-1948 номбурда дар Мактаби партиявии назди КМ ПК Тоҷикистон таҳсил карда, аз соли 1961 раиси Шӯрои деҳоти «Қистакӯз»-и ноҳияи онвақтаи Хуҷанд буд. Як муддат ба ҳайси инспектори Комиссариати халқии маориф, мудири қисми илмии Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият намудааст.
 
Солҳои 1946-1962  депутати Шӯрои Олии СССР (даъватҳои дуюм, сеюм,чорум ва панҷум) буд. Аз соли 1963 то соли 1990 депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум) интихоб шудааст. Солҳои 1967 -1975 дар вазифаи муовини Раиси Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон кор карда, аз соли 1965 то соли 1985 узви Пленуми Кумитаи собиқадорони ҷанги умумииттифоқӣ, солҳои 1968-1985 узви раёсати Ҷамъияти дӯстии Иттиҳоди Шӯравӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ буд.
 
== Оила ==
Аз Ҳоди Кенҷаев чор фарзанд — се духтар ва як писар боқӣ мондааст. Муҳаббат Кенҷаева табиб, Мавлуда Кенҷаева журналист, Давронҷон Кенҷаев муҳандис ва Мунаввара Кенҷаева ҳуқуқшинос мебошанд.
 
== Мукофоту унвонҳо ==
Соли 1984  Ҳодӣ Кенҷаев яке аз аввалинҳо шуда, бо унвони «Мураббии хизматнишондодаи ҷавонони РСС Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
 
Бо орденҳои «Ленин», «Ситораи тилло», ду ордени «Нишони Фахрӣ», ордени ҶБВ дараҷаи 1 ва як қатор медалҳову грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
 
== Марг ==
23 феврали соли 1992 аз дунё даргузашт.
 
Ҳоло, ки дар  пешорӯи ҷашни бошукӯҳи 70-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор дорем, барои абадӣ гардондани хотираи собиқадорони ҷангу меҳнат барнома ва нақша — чорабиниҳо таҳия шудаанд.
 
Қаҳрамонию фидокории фарзандони Ватан ҳамеша мавриди ифтихори халқ, мактаби намунавие барои баланд бардоштани ҳисси меҳандӯстии шаҳрвандон аст. Яке аз  чунин абармардон Кенҷаев Ҳодӣ Исобоевич мебошад, ки номи ӯро ҳамватанон хуб дар ёд доранд. Ин ҷавонмарди тоҷики деҳотӣ дар набардҳо шерона ҷангида, шуҷоату диловарии бемисл нишон дода, сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардида буд.
 
Дар арафаи 100-солагии зодрӯзи ин фарзанди фарзонаи тоҷик ёдоварӣ аз корнамоиҳояш, ки дар хотираи миллионҳо нафар сабт ёфтааст, бамаврид аст.
 
Чор сол муқаддам дар зодгоҳи мавсуф — деҳоти «Хистеварз» (пештара «Қистакӯз»)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд нимпайкарааш гузошта шуда буд. Дар баробари номгузории кӯчаҳо ва таълифи китоб, чанде пеш дар варзишгоҳи Хистеварзи ин ноҳия мусобиқаи кушод оид ба бокс бахшида ба ҷашни 100- солагии Ҳодӣ Кенҷаев дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
 
Сержанти калон Ҳодӣ Кенҷаев аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамроҳ бо дигар тоҷикписарон дар муҳорибаҳо мардонагиву ҷасорат нишон додааст. Моҳи июли соли 1943 дар муҳорибаи шадиди Курск дар ҳайати полки артиллерии қиркунандаи рақами 1177-уми Фронти Воронеж ҷангида, қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дод. Қисми ҳарбӣ зери фармондеҳии ӯ бар зидди танкҳои фашистӣ, аз ҷумла ба муқобили «шоҳпаланг»-ҳо баромад. Сафи муҳофизон кам мегашт, аммо командири захмдоршуда танкҳои фашистиро пайи ҳам ба нишон мегирифт. Командири полк майор П. Шалимов 10 июли соли 1943 зимни пешниҳод кардани Ҳ. Кенҷаев ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ чунин баҳо додааст: «…Давоми ду шабонарӯз, зери бомбаборони пайвастаи 30-40 самолёти душман ҳамлаҳои сахттарини танкҳои душманро зада гардонид. Ӯ тӯпро моҳирона идора карда, бо расчёти худ ду танки миёна ва ду танки вазнини фашистиро аз кор баровард. Вақте ки ҳайати расчёт пурра аз саф баромад, командири тӯп худ оташфишониро давом дода, боз ду танки миёнаю ду танки вазнинро аз кор баровард. Тӯпи сержанти калон Ҳ. Кенҷаев танҳо дар як рӯз 4 танки миёна ва 4 танки Т-6-и душманро нобуд кард».
 
Бояд гуфт, ки ғалаба дар муҳорибаи Курск ва ба соҳили Днепр баромадани лашкари шӯравӣ гардиши бузурге дар ҷанг буд. Барои қаҳрамониҳо дар ин муҳориба дар баробари Ҳ. Кенҷаев садҳо нафар бо ордену медал сарфароз гардиданд.
 
Зимни муқовиматҳо Ҳ. Кенҷаев ба ҳамсафонаш бо чунин суханон муроҷиат мекард: «Фаромӯш накунед, ки  мо акнун ҷангҳои сахти ҳалкунандаро барои озод кардани шаҳри Киев, барои баромадан ба соҳили рости Днепри бузург идома медиҳем…Қасам мехӯрем, ки тамоми Украинаро озод намуда, бо ҳамин тамоми хоки мамлакатамонро аз ин нопокон тоза мекунем»…
 
Чоруми январи соли 1944 дар Кремл Раиси Президиуми Шӯрои Олии СССР Михаил Иванович Калинин Ҳ. Кенҷаевро бо ордени «Ленин» ва «Ситораи тилло» сарфароз гардонид.
 
Аз ин мардонагиву далерии Ҳ.Кенҷаев шоир, мутарҷим ва навозандаи моҳири асбобҳои мусиқии халқӣ Муҳиддин Аминзода илҳом гирифта, моҳи ноябри соли 1943  бо номи «Ҳодии танкзан» мисраъҳои зеринро эҷод кард: 
 
''То зи мардонагии нав хабари тоза расид,''
 
''Дод ин мужда ба ман шодию илҳоми наве.''
 
''Табъи болидаи ман боз  дучандон болид,''
 
''Зад рақам хонаи ман номи  накӯноми наве.''
 
''Ҳодии танкзани сафшикани  хасмафкан,''
 
''Ҳамчу Неъмат Қарабоев, писари Ҳамзаалӣ.''
 
''Ёфт бо кори сазовор дили халқи Ватан,''
 
''Ба шумо раҳмату бар  ҳиммати мардона бале.''
 
''Омад аз оташи сӯзони шумо хасм ба дод,''
 
''Рӯзаш аз дуди дами тӯпи  шумо торик аст.''
 
Дар адабиёти илмӣ-оммавӣ корнамоиҳои ҷангии Ҳодӣ Кенҷаевро яке аз аввалин шуда олими маъруф Бобоҷон Ғафуров инъикос намудааст: «Писари шуҳратманди мо Ҳодӣ Кенҷаев бо корнамоиҳои худ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ анъанаҳои аҷдодони гузаштагони моро ба монанди Шераки бебоку Темурмалики ватандӯст давом дода, шарафи халқи худро бардошт. Ӯ на ин ки ифтихори халқи тоҷик, балки ифтихори тамоми халқи советӣ аст ва тақдир шудани Ҳоди Кенҷаев ба унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ далели тасдиқи он мебошад».
 
Модари Қаҳрамони Тоҷикистон Б. Ғафуров — шоира Розияи Озод барои ҷанговарони дар фронтбуда шеър менавишт. Аз ҷумла шеъри тозаи ӯ моҳи ноябри соли 1943 таҳти унвони «Ба Ҳодӣ Кенҷаев» эҷод шуд.  Таърихи рӯи коғаз овардани  шеър чунин аст: «Бобоҷон  Ғафуров ба модараш рӯзномаи  «Тоҷикистони Сурх» — ро аз 14 ноябри соли 1943, ки дар он дар бораи шуҷоати ҷангии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Кенҷаев иншо шудааст, меорад ва илова мекунад: «Модарҷон, илҳоматон ояд, як шеъре  ба ин шермарди майдон нависед». Ҳамон бегоҳ шеър рӯи коғаз меояд, ки фишурдааш чунин аст:
 
''Ташаккур мекунем, фарзанди  моён қаҳрамон гардид,''
 
''Ба майдон рафта, нури чашми мо соҳибнишон гардид.''
 
''Бувад фарзанди нодир Ҳодӣ Кенҷаев ба халқи хеш,''
 
''Фидокорӣ намуда,  обрӯманди замон гардид.''
 
''Паёпай тирҳои ҷонситону оташин мезад,''
 
''Ки хуни душманони мо зи  танҳошон равон гардид.''
 
''Қавӣ шуд лашкари мо қувваи мо рӯзафзун шуд,''
 
''Забун шуд лашкари Гитлеру  хору нотавон гардид.''
 
''Ба монанди ту ҳодиҳо ба мулки мо ҳазоронанд,''
 
''Ки ҳар як дӯстдори ҷумлаи пиру ҷавон гардид.''
 
Моҳи майи соли 1944 дар Сессияи ҳафтуми Совети Олии РСС Тоҷикистон даъвати якум Ҳодӣ Кенҷаев чун меҳмон иштирок намуда, аз корнамоиҳои ҷангии худ нақл кард. Зимни баёни муфассал аз ҷангҳои майдони Курск ва лаҳзаҳои нобуд кардани танкҳои фашистон ваъда дод, ки то дами охирин барои нест намудани фашистон мубориза мебарад. Устод Садриддин Айнӣ, ки дар ин сессия ширкат доштанд, аз суханони қаҳрамони танкзан ба ҳаяҷон омада, бо нутқи пурмазмуне баромад карда, дар ҳаққи Ҳодӣ Кенҷаев чунин гуфта буд: «…Ман тоҷиконро ба шамшери бурро нисбат медиҳам, ки дар арзи садсолаҳо зери чанг хобида, занг задааст. Аммо Партияи Коммунистии болшевикон ин шамшерро аз байни чангу ғубор бардошта, онро сайқал дод, дами онро тез ва бурро карда, ба кор андохт. Ҳозир ба чӣ корнамоиҳо қодир будани ин шамшерро ҳама мебинад ва яке аз онҳо писари шуҳратманди мо Ҳодӣ Кенҷаев мебошад…».
 
Зимни суҳбат бо мо духтари мавсуф — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кенҷаева Мунаввара Ҳодиевна   чунин иброз дошт: «Бузургони мо, ба мисли С. Айнӣ, Б. Ғафуров, М. Турсунзода, Б. Раҳимзода ва дигарон ба падарам эҳтироми зиёд доштанд ва корнамоиҳояшро арҷгузорӣ менамуданд».
 
Номбурда лаҳзаеро аз меҳмоншавии ду шахсияти таърихӣ Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода бо ҳамсарҳояшон ба хонаи падараш дар солҳои 70-уми асри гузашта ёдовар шуд:
 
- Он замон дар синфи нуҳум таҳсил мекардам. Устоҳо дар ҳавлиамон барги ангурро тоза мекарданд ва ҳавлиамон пур аз барги ток буд. Ҳамин замон падарам аз ҷойи кор ба хона занг зада гуфтанд, ки пас аз як соат ба хона меҳмон меояд. Ҳаққу ҳамсоя ва мардуми маҳалла ҳама ба хона омада, ба мо кумак карданд ва дар як лаҳза баргҳоро ҷамъ намуда, дар хонаҳо ҷой тайёр кардем. Меҳмонон омаданд ва гуфтанд, ки мулло Ҳодӣ, мо дар хона не, балки дар он лаби ҳавз мешинем. Ҳамон рӯз падарам бо меҳмонон чанд соат суҳбати гарм ороста, шеърхонӣ намуданд. Хулоса, падарам бо аҳли зиё рафтуои зич доштанд. Ҳамон вақт Боқӣ Раҳимзода бо номи «Ҳодии танкшикан» дар бораи падарам шеър навишта буданд. Дар давраи ҷанг Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир Мирзо Турсунзода бо номи «Паҳлавони интиқомгир»  дар васфи ӯ шеър навишта буданд:
 
'' ''
 
''Қаҳрамони фарзанди мо, бишнав саломи халқро,''
 
''Гарму ҷӯшон ҳам салому ҳам паёми халқро!''
 
''Халқ гуфтат, ки раву душман намо зеру забар,''
 
''Бар замин ҳаргиз намондӣ ту каломи халқро.''
 
''Халқи мо то осмон номи ту месозад баланд,''
 
''Эй писар, кардӣ баланд азбаски номи халқро.''
 
''Ҳар кӣ шаъну эътибори халқро ҳурмат кунад,''
 
''То абад арзанда гардад эҳтироми халқро.''
 
''Беҳтару маҳбубтар фарзанд будӣ, ки чунин,''
 
''Пур намудӣ аз шароби меҳр ҷоми халқро.''
 
''Ҷанг кун, мардона душман куш, ситон, эй шермард,''
 
''Аз фритси охирин''
 
''ҳам интиқоми халқро.''
 
Айёми пахтачинӣ буд. Як рӯз мардум ба пахтачинӣ намебароянд. Котиби якуми Ҳизби коммунисти ноҳия падарамро, ки раиси ҷамоат буданд, даъват карда, эрод мегиранд, ки раис-бобо аҳли ҷамоат ба саҳро набаромаданд ва шумо онҳоро сахт намегиред. Падарам кормандони ҷамоат ва мардумро ҷамъ намуда, хитоб кардааст:
 
«Котиби райком дар бюро маро сахтакак сарзаниш кард, ки ман ҳамчун раис коргаронро ҷанг намекунам ва ба пахтачинӣ бароварда наметавонам. Ба ман ҳамон панҷсола ҷанг карданам кифоя аст. Ман дигар дилам намешавад, ки шумоёнро ҷанг кунам».
 
Баъди ин суханон пагоҳаш тамоми мардуми Қистакӯз ба саҳро ба пахтачинӣ мебароянд. — Чунин нафари хоксору нармсухан буданд, падарам,- гуфтанд Мунаввара Кенҷаева.
 
Пас аз итмоми панҷ соли набард дар баробари дигар роҳбарон назди Ҳ. Кенҷаев низ ҳалли вазифаҳои душвору мураккаб қарор дошт. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки саҳми Ҳ.Кенҷаев дар барқароркунӣ ва тараққиёти хоҷагии қишлоқ дар деҳоти имрӯза «Хистеварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд назаррас будааст. Ӯ бо рафтори намунавиаш аҳли заҳматро сарҷамъ ва рӯҳбаланд намуда, дар кори барқароркунии баъдиҷангӣ фаъолона иштирок менамуд. Замони фаъолияти депутатиаш бо ташаббуси ӯ дар ҳудуди деҳоти «Қистакӯз» сохтмони панҷ мактаб, даҳҳо мағоза, нонвойхона, Қасри фарҳанг, мумфаршнамоии 25 километр роҳ анҷом ёфтаанд. Инчунин мавсуф дар бунёди мактаби ибтидоӣ барои 1200 ҷойи нишаст, беморхона бо 120 рахти хоб ва кашидани хатти обгузар ба деҳот саҳм гузоштааст.
 
Қаҳрамониҳои Ҳодӣ Кенҷаев барои наслҳои замонаш ва имрӯзу фардо ҳамчун намунаи ибрат, нишонаи олии ватандӯстӣ буд, ҳаст ва мемонад.
 
== Эзоҳ ==