Бурҳонуддин Раббонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up, replaced: | навъи фаъолият → | вазифа, | вазифа → |вазифа using AWB
No edit summary
Сатри 32:
 
== Фаъолияти сиёсӣ ==
[[Акс:Vladimir Putin 22 October 2001-1.jpg|thumb|270x270px|Ҷаласаи васеъ бо [[Эмомалӣ Раҳмон]] раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ва Бурҳонуддин Раббонӣ раиси Ҷумҳури Афғонистон. Душанбе.]]
[[Акс:Vladimir_Putin_22_October_2001-2.jpg|thumb|270x270px|Раббонӣ бо президенти [[Федератсияи Русия]] [[Владимир Владимирович Путин|Владимир Путин]] дар [[Душанбе]] 22 октябри соли 2001.]]
Баъд аз табаддулоти давлатии соли 1973 ва суқути низоми шоҳӣ таъқибу фишор бар зидди исломиҳо афзоиш ёфт ва раҳбарони онҳо, аз ҷумла Бурҳонуддин Раббонӣ соли 1973 ба Покистон ҳиҷрат намуданд. «Ҷамъияти исломии Афғонистон» бо роҳбарии Бурҳонуддин Раббонӣ ягона танзими бузурги сиёсиест, ки бар асоси забон, ҷуғрофиё, қавмият бино наёфта буд. Дар солҳои ҷиҳод ҷабҳаҳои ҳизби мазкур дар Қандаҳор, Лағмон ва Лугар ба ҳамон андоза қавӣ буданд, ки дар Балх, Файзобод, Ҳирот, Тахор ва ғайра нуфуз доштанд. Сиёсати мудоро ва тавъам бо лутфу меҳрубонии раҳбари «Ҷамъияти исломии Афғонистон» сабаб шуда буд, ки мардум дар солҳои ҷиҳод дар манотиқи зери назорати он эҳсоси оромиш ва амният мекарданд.
Line 44 ⟶ 43:
Баъд аз суқути Кобул 26 сентябри 1996 ва ақибнишинӣ бо роҳбарии Бурҳонуддин Раббонӣ «Ҷабҳаи муттаҳиди исломӣ барои наҷоти Афғонистон» ташкил шуд, ки дар расонаҳои хабарӣ барғалат «Эътилофи шимол» номида мешавад. Нерӯи меҳварии муқовиматро боз ҳам неруҳои «Ҷамъияти исломии Афғонистон» ташкил мекарданд. Онҳо бо «Толибон», ки аз пуштибонии васеи созмонҳои террористии байналмилалӣ, неруҳои вижаи покистонӣ ва ҳазорон довталаби покистонӣ бархурдор буданд, қариб ҳафт сол ҷангиданд. Барои муқоиса бояд бубинем, ки баъд аз соли 2001 дар ҳудуди 200 ҳазор неруи НАТО аз 40 кишвари ҷаҳон ва ҳамин қадар неруи давлатии афғон бо бақияҳои «Толибон»-и пароканда наметавонанд муваффақона мубориза кунанд.
 
== Раббонӣ, сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ==
[[Акс:Vladimir Putin 22 October 2001-1.jpg|thumb|270x270px|Ҷаласаи васеъ бо [[Эмомалӣ Раҳмон]] раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ва Бурҳонуддин Раббонӣ раиси Ҷумҳури Афғонистон. Душанбе.|left]]Бурҳонуддин Раббонӣ дар дастёбии тарафҳои даргири тоҷик ба сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон саҳми аслӣ дошт ва мулоқоте, ки ӯ барои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик Саййид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул тартиб дод, роҳи музокира ва тафоҳумро миёни тарафҳо боз намуд ва мулоқоти тарафҳо дар Хусдеҳи Афғонистон гардишеро дар гуфтушуниди сулҳи тоҷикон ба вуҷуд оварда, раванди оштӣ ва тафоҳумро наздик кард.
 
Бурҳонуддин Раббонӣ новобаста ба он ки пойтахти кишвар зери назорати толибон қарор дошт, то соли 2001 аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун роҳбари давлат эътироф мешуд. Ӯ бо вуҷуди он ки дар бораи Конфронси Бонн (2001) пеш­ни­ҳодоти мушаххас ва шаффоф дошт, аммо бо чеҳраи кушод ва таҳаммул файсалаҳои конфронсро пазируфт, ба ивази шитобзадагии баъзе шогирдон дар пазируфтани шартҳои ҷомеаи байналмилалӣ ва зиракии душманонаш сабру таҳаммулро пеша кард.