Нафт: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Petroleum cm05.jpg|thumb|Нафт]]
'''Нафт''', '''нафт''' — [[Моеъ|моеи]] равғанмонанди сӯзандаест, ки бӯи махсус дорад ва дар қабати таҳшинии замин паҳн шудааст. Яке аз муҳимтарин сарватҳои табиӣ мебошад. Якҷоя бо карбогидридҳои газшакл, одатан, дар чуқурии зиёда аз 1,2—2 км ҳосил ме­шавад. Дар рӯи замин ба моеи ғализ ё моддаи сахт ([[асфалт]]) табдил меёбад.
 
== Маълумоти умумӣ, таркиби химиявӣ ва хосияти физикӣ ==
Line 64 ⟶ 65:
 
== Пайдоиши нафт ==
[[Акс:The first oil district in Los Angeles, Toluca Street, ca.1895-1901 (CHS-3686).jpg|thumb|Аввалин ноҳияи нафт дар Лос-Анҷелес, кӯчаи Толука. тах. 1895-1901]]
Масъалаи табиати генетикӣ ва шароитҳои пайдояши нафт то ҳол пурра омӯхта нашудааст. Дар ин бора ду ақида — фарзияи пайдоиши ғайриорганикӣ ва органикии нафт вуҷуд дорад. Соли 1866 химики франсавӣ М. Бертло тахмини дар қаъри замин дар натиҷаи ба металлҳои ишқорӣ таъсир кардани оксиди карбон (IV) ва соли 1871 химики дигари франсавӣ Г. Биассон ақидаи ҳангоми таъсири ҳамдигарии об, С0<sub>2</sub> ва H<sub>2</sub>S бо оҳани тафсон пайдо шудани нафтро баён карданд. Соли 1877 Д. И. Менделеев фарзияи пайдоиши минералии (карбидии) нафтро пешниҳод намуд. Солҳои 50—60 асри 20 боз як қатор олимони советӣ (Н. А. Кудряв­сев, В. Б. Порфирев, Г. Н. Доленко ва дигарон) ва хориҷӣ (англис Ф. Хойл ва дигарон) фарзияҳои пайдоиши кайҳонӣ, вулконӣ ва магматогении нафтро пешниҳод карданд.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Нафт"