Давлати Салҷуқиён: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 102:
 
== Таърих ==
Ҷанги Дандонақон, ки дар соли 1040 сурат гирифта, тақдири [[Давлати Ғазнавиён|давлати Ғазнавиёнро]] ҳал карда буд, боиси тамоман ба Хуросон соҳиб шудани [[Салҷуқиён]] гардид<ref>Бартольд В.В., 1963 в, с. 569–583; Заходер Б.Н., 1945. Таърихи минбаъдаи Салҷуrиён дар ин асар муфассалан тавзеҳ ёфтааст; Воsworth С.Е., 1968 а.</ref>.
 
Туғралбеки Салҷуқӣ (1040–1063) пас аз ин ғалаба фавран худашро «султон» эълон кард ва бародари худро дар Хуросон гузошта, ба тарафи Гургон лашкар кашид. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ нафақат Гургон, Табаристон, Хоразм ва Озарбойҷонро ба таҳти тасарруфи худ гирифт, балки як қисми вилоятҳои ғарбии Эрони кунуниро низ ишғол намуда, дар соли 1055 пойтахти хилофати Аббосӣ шаҳри Бағдодро ба дасти худ даровард ва салтанати давлати салҷуқиро расман эълон кард. Султон Туғрал Кирмон ва Форсро низ забт намуда, дар Кавказ ба қӯшуни давлати Румия шикасти сахт ворид овард.