Аълохон Афсаҳзод: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Олим}}
|ном = Аълохон Афсаҳзод
'''Афсаҳзóд Аълохон''' ([[10 ноябр|10 ноябри]] [[1935]], [[Ворӯ|деҳаи Ворӯ]], [[ноҳияи Панҷакент]] – [[15 июл|15 июли]] [[1999]], [[Душанбе]]) — адабиётшинос-шарқшинос, матншинос, мунаққиди тоҷик, доктори илмҳои филология (1983), Ходими шоистаи илми ҶТ (1995). Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1989.
|номи аслӣ =
|тасвир =
|бар =
|тавсифи тасвир =
|санаи таваллуд = 10.11.1935
|зодгоҳ = деҳаи [[Ворӯ]], {{Зодгоҳ|ноҳияи Панҷакент}}
|санаи марг = 15.7.1999
|шаҳрвандӣ = {{СССР}} {{Тоҷикистон}}
|маҳалли марг = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}
|фазои илмӣ = [[адабиётшиносӣ]]
|ҷойҳои кор =
|дараҷаи илмӣ = {{Дараҷаи илмӣ|доктор|илмҳои филология}}
|унвонҳои илмӣ = {{Унвонҳои илмӣ||0}}
|алма-матер = [[Университети давлатии Тоҷикистон]]
|роҳбари илмӣ =
|шогирдони маъруф =
|маъруф ба =
|мукофоту ҷоизаҳо =
|имзо =
|бари имзо =
|сайт =
|викитека =
|викианбор =
}}
'''Аълохóн Афсаҳзóд Аълохон''' ([[10 ноябр|10 ноябри]]и [[1935]], [[Ворӯ|деҳаи Ворӯ]], [[ноҳияи Панҷакент]] – [[15 июл|15 июли]]и [[1999]], [[Душанбе]]) — адабиётшинос-шарқшинос, матншинос, мунаққиди тоҷик, доктори илмҳои филология (1983), Ходими шоистаи илми ҶТ (1995). Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1989.
 
== Зиндагинома ==
Хатмкардаи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|УДТ]] (1961). Хидмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ (1954–1955), омӯзгори мактаби миёна (1956–1960), тарҷумон дар Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1960–1961). Солҳои 1961–1962 лаборант, 1962–1968 ходими хурди илмӣ, 1968–1970 ходими калони илмии Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, 1971–1999 мудир буд. Нахустин мақолаҳояш дар нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ солҳои 60 асри XX таълиф шудаанд.
 
== Пажуҳишот ==
Аълохон Афсаҳзод яке аз пуркортарин ва пурмаҳсултарин донишмандони тоҷик маҳсуб мешавад. Ба қалами ӯ беш аз 600 таълифот (монографияҳо, рисолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва ғайра) тааллуқ доранд. Доира ва самти пажӯҳишҳои илмии Афсаҳзод хеле васеъ буда, масъалаҳои таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик (рисолаҳои «Ҳофизнома», 1971; «Камоли Хуҷандӣ», 1976; «Абдураҳмони Ҷомӣ», 1978; «Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуввуми асри XV», 1985; «Одамушшуаро [[Рӯдакӣ]]», 2003 ва ғайра), адабиёти муосири тоҷик (мақолаҳои танқидӣ адабӣ, таҳқиқи масъалаҳои гуногуни эҷодиёти С. Айнӣ, М. Турсунзода – «Ифтихори Шарқ», Ғ. Абдулло, С. Улуғзода, Ф. Ансорӣ, Ҷ. Икромӣ, А. Сидқӣ ва дигарон), муаррифии шоирону нависандагон ва адибони [[Эрон]]у [[Афғонистон]] (мураттиби маҷмӯаи ашъори шоирони Эрон – «Амвоҷи Корун», мақолаи «Назаре ба шеъри форсизабонон») ва ғайраро дар бар мегирифт. Омӯзиши ҳаёту эҷодиёт ва афкори [[Абдураҳмони Ҷомӣ|Абдураҳмони Ҷомиро]] Афсаҳзод аз таҳқиқи «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ шурӯъ кард ва баъдан омӯзиши кулли эҷодиёти ӯро фаро гирифта, яке аз ҷомишиносони маъруф дар доираҳои илмии Шарқу Ғарб шинохта шуд. Афсаҳзод дар бораи Ҷомӣ асарҳои таҳқиқии бис­ёре таълиф намудааст: «Рӯз­гор ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1980), «Таҳаввули афкори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1981), «Лирикаи Абдураҳмони Ҷомӣ» (ба забони русӣ М., 1985), «Ҷомӣ – адиб ва мутафаккир» (1989), «Ҷомӣ – шоири ғазалсаро», «Нақд ва баррасии осору шарҳи аҳволи Ҷомӣ» (Т., 1999) ва ғайра Солҳои 60 асри XX Афсаҳзод дар ҳамкорӣ бо донишмандони Институти шарқшиносӣ осори Ҷомиро дар [[Душанбе]] дар панҷ ҷилд ва дар [[Теҳрон]] дар ҳафт ҷилд (ба алифбои арабии тоҷикӣ; 1999–2001) ба табъ расонд. Ин кори ӯ дар Эрон бо Ҷоизаи байналмилалии «Китоби сол» (2000) ва дипломи ёдгории «Баҳори озодӣ» қадр карда шуд. Афсаҳзод ҳикоёти нависандагони русу кишварҳои Аврупо, осори драмавии Ж. Ж. Руссо «Пигмалион» (1962), Ж. Б. Молйер «Ашрофпараст» (1972), А. Н. Островский «Гирдоби бало» (1978), Тавфиқ Ҳаким «Султони ҳайрон» (1980). «Ҷойи сердаромад» (1981), Е. Шварс «Шоҳи урён» (1983), В. Кримко «Маҷрӯҳон» (1984) ва ғайраро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
 
== Мукофотҳо ==
Ройзании фарҳангии Сафорати ҶИЭ ҷоизае ба номи Афсаҳзод таъсис кардааст, ки ба пажӯҳишгарони масоили адабиёти форс-тоҷик дода мешавад. Нахустин барандагони ин ҷоиза дар соли 2004 А. Афсаҳзод барои китоби «Одамушшуаро Рӯдакӣ», А. М. Хуросонӣ ва Ҷ. Назрӣ барои китоби «Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома» буданд. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1985) сарфароз гардидааст<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.125-126</ref>.
 
== Осор ==
#* Академик Абдулғанӣ Мирзоев. Душанбе, 1984;
#* Дар сафи бузургон. Душанбе, 1986;
#* Пайванди қарнҳо. Душанбе, 1989;
#* Корвони сухан. Душанбе, 1994.
 
==Эзоҳ==
{{Эзоҳэзоҳ}}
 
*Осорномаи Аълохон Афсаҳзод. - Душанбе, 2005.
== Адабиёт ==
* Осорномаи Аълохон Афсаҳзод. - Душанбе, 2005.
 
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Филологони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрии байналмиллалӣ аз Тоҷикистон‎]]
[[Гурӯҳ:Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар ноҳияи Панҷакент таваллудшудагон]]
[[Гурӯҳ:Зодагони рӯзи 10 ноябр]]
[[Гурӯҳ:Зодагони соли 1935]]
[[Гурӯҳ:Фавтидагони рӯзи 15 июл]]
[[Гурӯҳ:Фавтидагони соли 1999]]