Тӯрахоҷа Афсӯс: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up, replaced: |Ном → |ном (2), |Санаи марг → |санаи марг, |Сайт → |сайт , |Викииқтибос → |викигуфтовард, Жанр → жанр, |Мукофотҳо using AWB
No edit summary
Сатри 25:
|имзо =
}}
'''Афсӯс''' أفسوس Тӯрахоҷа (соли тав.таваллуд номаълум – ваф.вафот 1855) — шоири тоҷик. Дар Истаравшан дар оилаи шоир Хоҷа Убайдуллоҳи Солик таваллуд ёфта, маълумоти ибтидоиро аз падараш гирифтааст. Дар мадрасаи Кӯкгунбази Истаравшан илмҳои расмии даврро омӯхт ва пас аз хатми таҳсил амалдори ҳокими Истаравшан таъйин гардид. Соли 1817 хони Хӯқанд Умархон (ҳукмронӣ 1811–1822) Истаравшанро забт намуд ва Афсӯсро дар қатори диг.дигар асирон ба Хӯқанд бурд. Афсӯс, ки бераҳмию зулми Умархонро нисбат ба худу ҳамроҳонаш ва диг. асирон дида буд, ба хон ва дарбориён дар дил кинаву адоват дошт. Ӯ ҳамқаламонашро даъват мекард, ки аз васфи хони шӯҳратпараст даст бикашанд. Хон ба воситаи ҷосуси худ Ҳотам аз ин ташвиқоти Афсӯс огоҳ шуда, ӯро аз дарбор ронд. Афсӯс ба хон қасидаи мадҳие бибахшид ва Умархон соли 1818 бар ивази он вайро миршаби шаҳри Истаравшан таъйин кард. 13 сентябри1832 хони дигар Хӯқанд Муҳаммадалихон (1822–1842) ба ӯ вазифаи сардор ё вакили Истаравшанро дод. Дар манбаъҳои адабии асри 19 Афсӯс чун шоири тавоно тавсиф шудааст. Фазлии Намангонӣ дар тазкирааш «Маҷмуат-уш-шуаро» аз эҷодиёти Афсӯс 8 ғазал ва 2 қасидаро ба тариқи намуна овардааст. Дар баёзҳову ҷунгҳо низ шеърҳояш ҷой гирифтаанд. Афсӯс дар ғазалҳояш ишқи поки инсонӣ, орзуву мақсад, шодию сурур, ғаму андӯҳи ҳамзамонони хешро сурудааст.
 
<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.128 / С.Султонов.</ref>