Шақиқи Балхӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Шахсият/Ислом|илоҳиётшинос |ном = |номи аслӣ = |форсӣ = ابو علی شقیق بن ابراهیم...
 
No edit summary
Сатри 18:
|нуфуз =
}}
'''Шақиқи Балхӣ''' (''Абуалӣ Шақиқ ибни Иброҳими Балхӣ''; ваф. 194 ҳ‍ қ) — оирифидонишманди ислом ва орифи аз барҷаста.
 
== Зиндагинома ==
Аксари муҳаққиқони ватанию хориҷӣ санаи зиндагиномаи ӯро асрҳои IX - X ба қалам додаанд. Аз сарчашмаҳо маълум аст, ки Шақиқ дар Балх дар оилаи сарватманде таваллуд шудааст. Перомуни давраи ҷавонии ин шахси маъруф ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ ҷавони таълимдидаи зебоманзар буда, ба кори тиҷорат шуғл меварзидааст.
 
== Таҳсили илм ==
Шақиқ мувофиқи одати замони худ барои идомаи таҳсил ба назди имомҳои машҳури замонаш рафта, Қуръону ҳадисро омӯхтааст. Аз рӯи навишти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Нафоҳоту-л-унс» яке аз устодони Шақиқ имом Зуфарӣ машҳур буд. Ҳангоми талабу ҷустуҷӯи ҳадис Шақиқ борҳо бо Абуюсуф, ки баъдтар қозии шаҳри Бағдод таъйин шуд, дар назди Абуҳанифаи соҳибмазҳаб, ки имрӯз ин мазҳаб бо номи ҳанафӣ маъмул аст, сабақ омӯхтааст. Шақиқ шаҳрҳои дигари хилофат, аз он ҷумла Маккаю Мадинаро низ зиёрат кардааст.
 
== Шогирдон ==
Шақиқ шогирдони зиёде дошт ва яке аз шогирди ӯ [[Ҳотам ибни Унвони Асами Балхӣ]], зоҳиди машҳур буд, ки дар [[Вашгирд]] (Файзободи имрӯза)  даргузаштааст. Шақиқ ба шогирдони худ эътимоду қаноат ва худотарсию парҳезкориро талқин мекард.
 
== Тасаввуф ==
Шақиқ аз забонҳои арабӣ ва форсии тоҷикӣ хуб баҳраманд буд. Шайхулислом Сафиуддин мегӯяд, ки Шақиқ ба ҷуз он, ки суфию орифи бузург буд, боз ба тиҷорат низ машғул будааст. Сабаби асосии ба зӯҳду тақво гаровидани Шақиқ ин будааст, ки ҳангоми дар Туркистон (Чини Ғарбӣ) ба тиҷорат машғул буданаш, мардумеро мебинад, ки бо сару риши тарошида бутҳоро ибодат мекунанду аз онҳо зиндагии беҳ талаб мекунанд. Шақиқ дар ғазаб шуда, ба онҳо мегӯяд ки чаро шумо худои ягонаро неву сангҳоро мепарастед. Дар ҷавоб онҳо посух медиҳанд, ки мо аз ҳамин худоҳои худ ризқу рӯзӣ меёбем, вале ту чаро аз мулки худ барои ризқу рӯзӣ баромада, ба ин ҷо омадӣ, розиқи ту дар ватанат туро нигаҳбон нагашт. Ба гуфтаи муаллифи китоби «Хазинату-л-асфиё»-и Ғуломсарвар Соҳиби Лоҳурӣ, Шақиқ баъди шунидани ин калимот зоҳид гардид. Мегӯянд, ки Шақиқ авлиёи барҳақ буд. Дар илми ислом назир надошт. Ӯ дониши исломиро аз устодаш Абуҳанифа омӯхта аз ҳақиқат ба тариқат мерасад. Аз сарчашмаҳо маълум аст, ки дар мулки Араб олимону донишмандони аҳли ислом солҳои зиёд хостори дифои ин шайхи бузург буданд ва инак ба мақсадашон расиданд.
 
== Таълимоти фалсафӣ ==
Мувофиқи таълимоти фалсафии Шайх Шақиқ инсони комил ҷиҳати қаробат ба офаридгор аз ҳаёти фано то ҳаёти бақо бояд аз тавба, сабр, шукр, хавф, риҷоъ, фақр, зуҳд, таваккал ва муҳаббат (ишқи Илоҳӣ доштан) истифода намояд. Ӯ зидди парастиши инсон ҳангоми ҳаёт ва ҳам мамот буда, фақат парастиши офаридгорро афзал медонист ва дар Афғонистону Покистон, Осиёи Марказию Арабистон муридону ҳаводорони зиёде дошт.
 
== Марг ==
Шайх Шақиқ ҳангоми сафараш аз [[Хатлон]] ва Вашгирд дар соли 194-и ҳиҷрии қамарӣ баробар ба солҳои 809 - 810 - и мелодӣ аз дасти дастаҳои туркони Қарахонӣ ба шаҳодат расидааст. Дар бораи соли шаҳодати Шақиқ ва ҷои марқади ӯ баҳс зиёданд. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Нафоҳоту-л-унс» навишааст, ки Шақиқ дар Хатлон ба шаҳодат расидааст ва қабри вай ҳамон ҷост.
 
Муҳаммади Дорошукӯҳ менависад: Шаҳодати Эшон Шақиқ дар соли 194 (ҳ. қ.) буда, қабри эшон дар Хатлон аст. Баъди овардани маълумоти фавқ дар бораи макони шаҳодат ва мазори Шайх Шақиқи Балхӣ, ки дар мавзеи Кулон, байни Вашгирду Хатлон будааст. Ва Кулони мазкур ҳамин Себистони имрӯзаи ноҳияи Данғара аст.
 
== Поси хотир ==
Оромгоҳи Шайх Шақиқи Балхӣ дар Себистони имрӯзаи ноҳияи Данғара зиёратгоҳи мардумон гашта, ба ҷои муқаддаси таърихӣ табдил ёфтааст.
 
Ӯ ҳамшаҳр ва ҳамасри [[Иброҳими Адҳам]] буд. Дар ҷавони барои тиҷорат ба Туркистон рафт аммо сухани бутпарасте ӯро мутаҳаввил кард. Пас ба Балх бозгашт ва тамоми сарватшро дар роҳ худо садақа дод ва ба таҳсили илм пардохт. Урафои шиа шақиқро шогирди [[Ҷаъфари Содиқ]] ва Мӯсои Козим медонанд. [[Ҳотами Асам]] аз шогирдони ӯ буд.
Шақиқ дар соли 194 ҳиҷрӣ барои ҷиҳод дар роҳи худо ба Туркистон рафт ва дар набарди кулон кушта шуд ва дар Хатлон дафн шуд.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}