Созмони ҳамкории Шанхай: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х мавзуъҳои номарбут, removed: {{Тоҷикистон}} using AWB
Сатри 25:
Шӯрои сарони давлатҳо (минбаъд - ШСД) мақоми олӣ дар СҲШ барои қабули қарорҳо ва дастурҳо оид ба масъалаҳои муҳими дохилию хориҷии Созмон ба ҳисоб меравад. Ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) (минбаъд - ШСҲ) барои муҳокимаи стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва самтҳои афзалиятнок дар чорчӯбаи СҲШ, ҳалли масъалаҳои принсипиалӣ ва рӯзмараи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар намуди ҳамкориҳо, инчунин барои тасдиқи буҷети солонаи Созмон баргузор мешаванд. Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (минбаъд - ШВКХ) барои баррасӣ ва маъқул донистани лоиҳаи рӯзнома ва дигар ҳуҷҷатҳои ҷаласаи ШСД, пешкаш намудани пешниҳодот ба ШСД ва ШСҲ дар бораи такмил ва рушди ҳамкориҳои самтҳои гуногун дар чорчӯбаи СҲШ, инчунин беҳтаргардонии фаъолияти мақомоти СҲШ, аз ҷумла масъалаҳои бастани ҳуҷҷатҳои бисёрҷонибаи шартномавии дахлдор дар чорчӯбаи Созмон, баромад намудан бо изҳорот аз номи давлатҳои аъзо оид ба масъалаҳои байналхалқӣ, баррасии фаъолияти ҷории СҲШ, таъмини идоракунии умумӣ ва иҷрои қарорҳои мақомоти СҲШ ва баррасии дигар масъалаҳои дохилию ҳамкориҳои байналхалқии Созмон амал менамояд. Машварати роҳбарони вазорат ва/ё идораҳо вохӯрии роҳбарони парлумонҳо, котибони шӯроҳои амният, судҳои олӣ ва арбитражӣ, прокуратураҳои генералӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои соҳавиро, ки барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои дахлдор доир мегарданд, дар бар мегирад. Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ механизми идора ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти ҷории Созмон ба ҳисоб рафта, инчунин барои омода намудани ҷаласаҳои ШСД, ШСҲ ва ШВКХ фаъолият менамояд. Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии (минбаъд - СМЗТ) СҲШ мақомот (сохторҳо)-и доимоамалкунандаи Созмон буда, аз моҳи январи соли 2004 фаъолияти худро шуруъ намудаанд. Котиботи СҲШ дар шаҳри Пекин ва Кумитаи иҷроияи СМЗТ дар шаҳри Тошканд қарор доранд. Дабири кулли СҲШ ва Директори Кумитаи иҷроияи СМЗТ аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо аз ҳисоби шаҳрвандон - шахсони муътабари давлатҳои аъзо мувофиқи алифбои русӣ ба муҳлати се сол таъйин мегарданд, ки шахси мансабдори байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд.
 
Давлатҳои нозири СҲШ – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муғулистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ – Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Туркия ва Шри-Ланка мебошанд. <ref name="mfa.tj"> [http://mfa.tj/tj/munosibathoi-tojikiston-dar-doirai-sozmonhoi-baynalmilali-va-mintakavi/sozmoni-hamkorii-shankhay.html Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай]</ref>
==Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай==
Айни замонраванди ташаккулёбии СҲШ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии он идома дошта, мақомоти СҲШ ҳамасола фаъолият мекунанд. Дар чорчӯбаи СҲШ ҳамчунин Иттиҳоди байнибонкии СҲШ ва Шӯрои соҳибкорони СҲШ таъсис дода шудааст. Котиботи Шӯрои соҳибкорон дар шаҳри Москва қарор дорад.
Сатри 35:
Яке аз самти муҳими СҲШ ин мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм, экстремизм ва ҳама гуна зуҳуроти онҳо мебошад. СМЗТ СҲШ бо мақсади фаъолияти бонизом ва мақсаднок дар ин соҳа таъсис ёфтааст. Дар доираи СҲШ пайваста машқҳои зиддитеррористӣ гузаронида мешаванд. Бояд қайд кард, ки яке аз ин машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ “Норак - зиддитеррор” 17-19 апрели соли 2009 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбии зидди террористии давлатҳои аъзои СҲШ «Мирная миссия - 2012» 08 - 14 июни соли 2012 дар машқгоҳи «Чорух-Дайрон» вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. СҲШ нияти ба блоки ҳарбӣ мубаддал гаштанро надошта, мақсади он танҳо мубориза бо зуҳуроти хавфноки замони муосир – терроризм мебошад. Дар соли раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ҳамчунин дар қаламрави кишвар баргузории машқҳои зиддитеррористӣ ба назар гирифта шудааст.
 
Фаъолияти СҲШ натанҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ равона шудаанд. Дар доираи Созмон Нақшаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул шудааст, ки мақсади он мусоидат намудан ба гардиши озоди мол, хизматрасонӣ ва технологияҳо дар байни шаш давлати аъзо ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳо ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, илм ва техника, кишоварзӣ, гумрук, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мубориза ба муқобили ҷиняткорӣ батадриҷ ривоҷ меёбанд.
 
Яке аз навовариҳо дар доираи СҲШ ин таъсиси Донишгоҳи шабакавии СҲШ мебошад, ки дар худ 53 донишгоҳҳои маъруфи давлатҳои аъзоро дар бар гирифта, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ шомил мебошанд.<ref> [http://name="mfa.tj"/tj/munosibathoi-tojikiston-dar-doirai-sozmonhoi-baynalmilali-va-mintakavi/sozmoni-hamkorii-shankhay.html Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай]</ref>
Соли 2016 намояндаи Тоҷикистон [[Рашид Олимов]] ба мақоми дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай таъин шудааст. Тавофуқ дар бораи таъини Олимов ба мақоми дабири куллли СҲШ тобистони соли 2015 дар ш. [[Уфа]] ([[Русия]]) аз ҷониби Шурои сарони давлатҳои СҲШ ҳосил шуда буд. Мансаби дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай аз соли 2007 ҷори шудааст. Намояндаи Тоҷикистон Р. Олимов чорумин дабири кулли СҲШ мебошад.<ref> [http://tjk.rus4all.ru/city_msk/20150710/726015927.html Новым генсеком ШОС стал представитель Таджикистана Рашид Олимов]</ref>
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
{{Тоҷикистон}}
[[Гурӯҳ:Созмонҳои байналмилалӣ]]
[[Гурӯҳ:Ташкилоту созмонҳо аз рӯи алифбо]]