Асп: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 63:
Аспро дар аспхона (ахтахона, саисхона) ва чарогоҳҳо парвариш мекунанд. Барои аспҳои зотӣ дар аспхона хоначаҳои алоҳида месозанд. Дар хоначаҳо барои нарёнҳои наслдеҳи зотӣ 16-20 м<sup>2</sup>,модиёнҳои наслдеҳи зотӣ 18 м<sup>2</sup> ва тойчаҳои тренингӣ то 16 м<sup>2</sup> масоҳат ҷудо бояд кард. Нарёнҳои наслдеҳро тобистон ва зимистон 3-4 соат ба
сайру гашт баровардан лозим аст. Барои аспҳои саворӣ ва резачорпо рӯзе 7-15 км гардиш кардан муфид мебошад. Ҳангоми нигоҳубин ва муомилаи нодуруст асп одати бад (масалан, газидан, лагад задан ва ғайра) пайдо мекунад, гирифтори хала, нохуна, сумдард (бештар аз нодуруст наъл кардан), исҳол, зуком ва дигар бемориҳо мешавад. Аспро дар аспрез ва ҷойҳои махсус мавриди озмоиши зотӣ қарор медиҳанд. Асп дар варзиш низ истифода мегардад. Дурагаҳои аз ҷуфтии асп бо хар, аспи Пржевалский ва гӯрхар рӯёнда, маъмулан, бенасл мешаванд. Дар ҷаҳон тақрибан 280 зоти асп мавҷуд аст (2010). <nowiki><br/></nowiki>[[File:Biandintz eta zaldiak - modified2.jpg|thumb|left|Аспҳо дар чарогоҳ]]
 
== Асппарварии тоҷикон ==
Ба асппарварӣ аз қадимулайём шуғл доштани тоҷиконро бозёфтҳои ҳафриётӣ ва мусаввараҳои гуногун низ собит менамоянд. Дар бисёр асбобу зарфҳои рӯзгор, ки бостоншиносон пайдо кардаанд, тасвири аспҳо нисбатан бештар вомехӯрад. Аспҳо нисбат ба дигар ҳайвоноти хонагии қадим калонҷуссатар мебошанд. Пояш пурқувват, банди сеюми ангушти мобайни он ба сум табдил ёфтааст. Наринаҳо 40 ва модинаҳо 36 дандон доштанд. Байни дандонҳои ашк ва курсии аспҳо қариб 10 см ҷой ҳаст, ки ба он лаҷом мезананд. Вобаста ба сохт ва тағироти дандонҳои пеш синну соли аспҳоро муайян кардан мумкин. Дили аспҳо 4-4,5 (дар баъзе аспҳои корӣ 6-6,5) ва шушашон 5-5,5 (ғунҷоишаш қариб 30 л) кг мешавад. Ҳарорати мӯътадили баданаш 38°С. Асп 35-50 л хун (ҳангоми 500 кг будани вазни бадан) дорад. Меъдааш содда (ғунҷоишаш қариб 20 л) аст; талхадон надорад. Аспҳои кори соле то 6-8 т пору медиҳанд. Пору ва пешоби асп, нитроген, калий ва кислотаи фосфати бисёр дорад. Мӯйи асп ҷилонок, кӯтоҳ ва тахт аст. Вобаста ба ранг аспҳоро «тӯруқ», «ҷиран», «ашҳабӣ», «сиёҳмушкин» ва ғайра меноманд. Асп [[баҳор]] ва [[тирамоҳ]] тулак намуда, ба сармо (то 60°С) ва гармо (то 50°С) хуб тоб меорад, ба иқлими нав зуд одат мекунад. Ғадудҳои арақбарори асп ниҳоят бисёр буда, ҳангоми кор то 85-100 г хлориди натрий ихроҷ мекунад. Ин миқдор намак бошад, дар хӯроки муқаррарии асп нест. Бинобар ин ба хӯроки аспҳое, ки корҳои вазнинро иҷро мекунад, рӯзе 25-40 г намак илова бояд намуд. Узвҳои шунавоӣ ва шоммаи аспи нағз инкишоф ёфтаанд. Чашмаш тез аст, то 360° мебинад, ранг, андоза ва шакли чизҳоро фарқ мекунад. Асп зуд дастомӯз мешавад. Асп дар 1-1,5 солагӣ болиғ гардида, дар 6-7 солагӣ пурра инкишоф меёбад. Давраи ҳамлаш 11 моҳ як бача мезояд. Тойчаҳоро махсус нигоҳубин кардан лозим. Солиму бардам ва боқувват таваллуд шудани тойчаҷо ба тарзи нигоҳубини модинаҳо вобаста аст. Модинаҳо рӯзе 20-25 кг шир медиҳад. Аз шири модинаҳо [[қимиз]] тайёр мекунанд. Тойча одатан баъди 30-40 дақиқаи таваллуд модарашро мемакад. Барон тойчаҳо хусусан фалла аҳамияти калон дошта, баъзе касалиҳоро пешгирӣ ва меъдаро тоза мекунад. Модиён ва тойчаро баъди як ҳафта аз аспхона cap додан лозим. Тойчаҳо одатан 6-7 моҳ шир мемаканд. Бинобар ин ҳангоми кор фармудани модиҳо тойчаро хамеша ҳамроҳи он бояд нигоҳ дошт. Асп то 30-35 (баъзан 67) сол умр мебинад ва онро дар хоҷагӣ аз 3 то 14-15 (баъзан то 18-20)-солагӣ истифода бурдан мумкин. Алҳол бинобар тараққиёти техника Аспро дар хоҷаги қадим кам кор мефармоянд. Вале таҷрибаи собит намуд, ки аксар корҳои колхозу саҳроҳоро бо асп иҷро намудан мувофиқи мақсад аст. Аспҳоро дар замине, ки гаштани трактор имконнопазир аст (мас, агар замин бисёр нишеб ё нам бошад), инчунин барои ба масофаи наздик кашондани алаф, хошок, пахта, дар ферма ва хоҷагиҳои шахсии колхозчиёну коргарони саръазоҳо истифода бурдан мумкин. Истифодаи самараноки асп мошинҳоро сузишвориро сарфа намуда, мӯҳлати иҷрои корҳои хоҷагии қишлоқро кам мекунад. Аспҳои то 4-сола ва аз 15-сола боло, инчунин модинаҳои ҳомила (баъди 6-моҳагӣ) ва ширдеҳро барои иҷрои корҳои сабук истифода бояд бурд. Модинаҳоро 2- моҳ қабл аз зодан ва 15-рӯз баъди он, инчунин аспҳои касалро кор фармудан манъ аст. Ҳангоми кашондани чӯб, оҳан ва дигар чизҳои сахт ба асп зини махсус мезананд. Ба асп хӯроки гуногун бояд дод. Тобистон алафи сабз ва ҳангоми дар тавила нигоҳ доштан [[хошок]], [[коҳ]], [[сабзӣ]], [[лаблабу]], [[картошка]], [[тарбузи хӯрокӣ]], [[каду]], [[тарбеда силос]], [[ҷав]], [[гандум]], [[сулӣ]], [[ҷуворимакка]], [[ҷавдор]], [[кунҷора]], тилфи лаблабуи қанд ва ғайра додан мувофиқи мақсад аст. Ба наринаҳои наслдеҳ дар давраи ҷуфтикунонӣ тухми [[мурғ]] (хом), [[ширтуппа]] (творог), ва орди моҳи медиҳанд.
 
== Нигористон ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Асп"