Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таърих: таҳрир
х мавзуъҳои номарбут, removed: {{тоҷикистон}} using AWB
Сатри 8:
== Сарварон ==
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар солҳои гуногун Саид Носиров (1934- 1935), Аҳмадбек Мавлонбеков (1935-1937), [[Сотим Улуғзода]] (1944-1946), [[Мирзо Турсунзода]] (1946-1977), [[Мӯъмин Қаноат]] (1977-1991), [[Аскар Ҳаким]] (1991-2003) ва [[Меҳмон Бахтӣ]] (аз 2003 то 2015) раисӣ кардаанд.
Раисии Кумитаи нави ташкилотии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар солҳои 1938-1939 [[Абдусалом Деҳотӣ]], дар солҳои 1940-1944 [[Мирзо Турсунзода]] бар уҳда доштаанд.<ref> name="ReferenceA">Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 9 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
С-ҳои 1946 – 1977 раиси Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон [[Мирзо Турсунзода]] буд. Аз с. 1977 котиби якуми ИНТ [[Мӯъмин Қаноат]] буд. Баъдтар [[Аскар Ҳаким]] раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд. Алҳол раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон [[Низом Қосим пури Ҷаҳонгир]] аст.<ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 9 ISBN 978-99947-2-379-9 <name="ReferenceA"/ref>
== Сохтор ==
Роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз раис, ду нафар ҷонишин ва ҳайати раёсат иборат аст, ки дар анҷумани нависандагон интихоб мешаванд. Дар назди раёсати Иттифоқи нависандагон бахшҳои назм, наср, драматургия, адабиёти кӯдакону наврасон, танқиди адабӣ, тарҷума ва робитаҳои адабӣ, адабиёти русизабону ӯзбекзабон босамар фаъолият мебаранд.
Сатри 16:
Ду фароғатгоҳи муҷаҳҳаз – яке дар дараи Варзобу дигаре дар вилояти Суғд, дар хидмати адибону аҳли хонадони эшонанд.
== Нашрияҳо ==
Маҷаллаи адабии миллии ''«Садои Шарқ»'', журнали русии ''«Помир»'' ва ҳафтаномаи ''«Адабиёт ва санъат»'' нашрияҳои махсуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонанд.<ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 9 ISBN 978-99947-2-379-9 <name="ReferenceA"/ref>
 
== Раиси нави ИТН ==
Соли 2015 [[Низом Қосим пури Ҷаҳонгир]] дар натиҷаи интихоботи Раиси нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аксарияти овозҳоро соҳиб гардида ба ин мансаб сазовор дониста шуд. Ӯ 57 сол дошта, дар шаҳри [[Қурғонтеппа]] зода шудааст. [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон]]ро бо ихтисоси филолог - журналист соли 1979 хатм кардааст.
Солҳои гуногун дар нашрияи “Пионери Тоҷикистон”, корманди идораи тарғиботии Иттифоқи нависандагон, муҳаррири нашриёти “Адиб” ва сармуҳаррири Вазорати фарҳанг буд.<ref>[http://www.tojnews.org/tj/news/nizom-kosim-8-umin-raisi-ittifoki-navisandagoni-tochikiston Низом Қосим - 8-умин Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон] </ref>.
Аз соли 2006 то 2010 дар вазифаи Директори муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон” кор кардааст. [[Низом Қосим пури Ҷаҳонгир]] дар интихоботҳои парламентии солҳои 2010 ва 2015 ду навбат аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вакил аз ҲХДТ интихоб шудааст.<ref>[http://archive.is/20121205072855/parlament.tj//index.php?option=com_content&task=view&id=9&Itemid=10 МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН]</ref>.
Низом Қосим - 8-умин Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шудааст.
==Пайвандҳои беруна==
<references/>
 
{{тоҷикистон}}
[[Гурӯҳ:Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Муассисаҳои эҷодии Тоҷикистон]]