Забони барноманависӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Вироиши 85.9.141.10 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Dexbot анҷом дода буд
навсозӣ, ислоҳ
Сатри 1:
'''Забонҳои барномасозӣ.''' Барои тавассути компютер иҷро намудани алгоритми ҳалли масъала, аввал онро ба шакли махсус овардан лозим аст, ки онро барномаи комшотерӣ мегӯянд. Барномахои компютерӣ бо ёрии забонҳои барномарезӣ сохта мешаванд. Имрӯз дар ҷаҳон бештар аз 2000 забони барномарезӣ мавриди истифода қарор дорад.
'''Забонҳои барномасозӣ''' ин як системаи аломатҳо ё нишонаҳоест, барои фаҳмонидани алгоритм ба компютар истифода карда мешаванд.Забонҳои барномасозӣ қоидаҳои синтаксисии худро доро хастанд ва ин қоидаҳо дар вақти навиштани барномаи [[компютер]]ӣ истифода бурда мешаванд.Вай ба барномасоз имкон медиҳад, ки дақиқан амиқ намояд, ки компӯтар дар кадом ҳолат қарор дорад, маълумот чӣ хел сабт ва интиқол дода мешавад.
 
Ҳар гуна забони барномарезӣ ба мисли забонҳои муқаррарии гуфтугуӣ аз алифбо, синтаксис ва семантика иборат аст. Алифбои забонро маҷмӯи рамзҳое (аломатхое) ташкил медиҳад, ки онҳо ҳангоми тартибдиҳии сохтори барнома истифода мешаванд. Одатан калидлавҳаи компютер фарогири ҳамаи рамзҳои алифбои забонҳои барномарезӣ мебошад. Синтаксис ин маҷмуи қоидаҳоест, ки бо ёрии алифбои забон сохтори барнома (блокҳо, ифодаҳо, операторҳо, зербарномаҳо  ва ғайра) эҷод мешавад. Системаи қоидаҳои маънидодкунии сохтори барномаро семантикаи забони барномарезӣ мегӯянд.
 
Забонҳои барномарезӣ, ҳамчун воситаи асосии муколамаи инсон ва компютер, имрӯз хеле такмил ёфтаанд ва дастраси доираи васеи мутахассисони ҳам касбӣ ва хдм ғайрикасбӣ гаштаанд. Дар рушди таъминоти барномавии компютерӣ асосан 5 пасли забони барномарезиро (ЗБ) ёдовар мешаванд. Се насли аввалаи ЗБ комилан мувофиқи маҷмуи калимаҳои хидматӣ ва синтаксисӣ тавсиф карда мешуданд ва омузиши онҳо барои мутахассисони ғайрикасбӣ хеле мураккаб буд. Гарчанде забонҳои насли чорум то ҳол ҳангоми- барномарезӣ риояи синтаксиси қатъиро талаб кунанд ҳам, лекии омӯзиши онҳо  нисбатан осонтар гардонида шудааст. Забонҳои барномарезии пасли панҷум, ки ҳоло дар ҷараёни коркард ва арафаи анҷомёбӣ қарор доранд, дорой имкониятҳои хеле фаровони табодули информатсия буда, бо қоидаҳои грамматикӣ ва синтаксисии забонҳои табиӣ (гуфтугуии байни инсонҳо) хеле наздик гардонида шуда, риояи қоидаҳои махсуси синтаксисиро умуман талаб намекунанд.
 
== Инҷоро ҳам бингаред ==