Аҳмад ибни Исмоил: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 22:
| соядаст =
}}
'''Аҳмáд ибни Исмоил''' ({{lang-fa|أحمد ابن اسماعیل}}; машҳур бо лақаби '''''Амири Шаҳид'''''; ? – [[23 январ|23 январи]]и [[914]]) - дуюмин амири сомонии Хуросону Мовароуннаҳр ([[907]][[914]]). Писари [[Исмоил ибни Аҳмад]]
 
== Зиндагинома ==
Аҳмад ибни Исмоил баъди вафоти [[Исмоили Сомонӣ]] соли [[907]] ба ҷойи падараш тахтнишин гашта 7 сол ҳукмрони давлати [[давлати Сомониён]] буд.
 
Роҷеъ ба шахсияту ҳайсияти ахлоқии Аҳмад ибни Исмоил ва шеваи давлатдории ӯ муаррихони асрҳои миёна ақидаҳои мухталиф ва гоҳе зидди ҳамдигар баён кардаанд. Гурӯҳе аз камоли адлу инсоф ва ҷиҳати осоиши раият талош варзиданаш сухан кардаву қисме ӯро тунду носозгор, худраоюхудраъю бадхулқ номидаанд.
 
== Ҳукмронӣ ==
Сатри 36:
 
=== Ошӯбу фитнаҳои дохилӣ ===
Вориси Исмоил писараш Аҳмад ибни Исмоил ҳанӯз дар айёми ҳукумати падар ба баъзе вазифаҳои баланди давлатӣ мушарраф гардид. Аммо ӯ кифояту коршоямии падарро надошт. Ба ӯ зарур омад, ки ошӯбу фитнаҳои дохилиро сомон бахшад. Аз ҷумла амаки ӯ Исҳоқ ибни Аҳмад, ки ҳокими [[Самарқанд]] буд, барои ба даст овардани тахт бар муқобили амири сомонӣ даст ба шӯриш зад. Ин шӯриш пахш гардид ва Исҳоқ ба ҳабс андохта шуд. Тадбири дигари Аҳмад ба даст овардани Сиистон дар соли 908 ба ҳисоб мерафт. Дарбориёну давлатмардони сомонӣ низ нисбат ба ӯ ба чашми камэътиборӣ назар дӯхтанд. Аз ҷумла ҳокими Гургон Борс ал-Кабир чун аз марги Исмоил огоҳ шуд, ба [[Бухоро]] молиёт фиристоданро қатъ кард ва чун аз ҳаракати сипоҳи сомонӣ огоҳ шуд, ба тарафи [[Бағдод]] фирор карда, бо додани маблағи зиёд ба халифа паноҳ бурд<ref>Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). Душанбе, 2011, сС. 103-104.</ref>. Яке аз ононе, ки муқобили ҳукумати марказӣ бархост ҳокими Рай буд. Ин мулкро ҳанӯз Исмоил ба бародарзодааш Абусолеҳ Мансур бини Исҳоқро дар онҷо ҳоким гузошта буд. Аҳмад бо машақати зиёд ин ошӯбҳоро пахш кард<ref>Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. Душанбе, 1997, сС. 7.</ref>.
 
=== Ҳуҷуми туркҳо ===
Сатри 42:
 
=== Ҳуҷуми русҳо ===
Ҳуҷуми дигар ба сарзамини Сомониён аз самти кишвари Рус сурат гирифт. Русҳо тавассути баҳри Хазар бо 500 киштӣ ба сарзаминҳои Табаристон, Дайлам ва Обискун ҳамла карда, мардуми зиёдеро ба қатл расониданд ва занону кӯдакони зиёдро ба асорат бурданд. Шаҳри Сораи Мозандаронро русҳо ваҳшиёна ба оташ кашиданд. Ҳуҷуми русҳо ба солҳои [[909]] - [[910]] рост меояд.
 
== Марг ==
Нӯкарони кирояи турк аз сиёсати Аҳмад ибни Исмоил норозӣ буданд, бинобар ин ӯ аз дасти ғуломони худ кушта шуд. Аз ин рӯ Аҳмад бо лақаби «амири шаҳид» маъруф гардид<ref>Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе, 2011, сС. 104.</ref>. Ба тахт писари 8-солаи Аҳмад ибни Исмоил [[НасрНасри II ибни Аҳмад]] (Насри II) нишаст.
 
== Эзоҳ ==