Фарқият байни намунаҳои "Туғрал Аҳрорӣ"

х
Вироиши 91.218.161.60 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки VASHGIRD анҷом дода буд
х (Вироиши 91.218.161.60 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки VASHGIRD анҷом дода буд)
Барчасб: вогардонӣ
Рафокату хамсухбати дар мадрасаҳои Самарканду Бухоро бо муллобачаҳои нодору камбагал ва омаду рафти беохири мардуми факиру бечора ба хонаи Туғрали Аҳрорӣ дар Зосун гувохи зиндаи хайрхохиву бечорапарвариву авомдустии шоир мебошанд. ҳамчунин, дар миёни мардуми камбагали Фалгару Панчакент, Истаравшану Мастчох ва Самарканду Бухоро ёру дустони зиёде дошта, хаммахфили як идда хунармандону зиёиён ва хамсухбати як даста суханварону хофизони пешкадами давр будааст. Аз чумла, шоир дар маснавии «Дар хусуси табъи девон»-аш Ахмади Васли, Масеҳои Тамхид, Ахмади Равнак, Исхокбеки Ваххоч, Курби, Хасрати, Гулхани, Лутфи, Мухаммадкулии Тарчумон, Ашрафи Туччор ва дигаронро ном мебарад, ки нисбаташ хусни таваччуху эхтиром доштаанд ва дар чопи девонаш мадад кардаанд.
 
Туғрали Аҳрорӣ дар байни солҳои 1918-1919 хамрохи аскарони сурхи шурави дар чандин задухурдҳои хунини алайҳи босмачиёну аксулинкилобони болооби Зарафшон бевосита иштирок намуда, борҳо штаби дастаҳои ихтиёриву аскаронро дар хавлии худ чой медихад ва хамрохашон деҳаҳои Томин, [[Фатмев]], [[Гузари Бод]], [[Рарз]] ва [[Похут]]ро аз чанги душманони синфи озод мекунад. Ӯ дар рафти яке аз чунин муҳорибаҳо барои озодии деҳаи Вешаб аз тарафи душманону бадхоҳонаш ба туҳмати ноҳақи аксуламал гирифтор ва [[28 июн]]и [[соли 1919]] дар поёни деҳаи [[Зосун]] дар назди дарёи Зарафшон аз тарафи аскарони Советӣ ба қатл расонида мешавад. дуст ва хамсабаки у мулломашариф ки зодаи дехаи Гузари Бод (Армуғон) мебошад хам шину хам хези устод буданд ки ин деха то зосун 11 фарсанг (км) дур ҷойгир аст
 
Айни замон мактаби миёнаи № 8 [[ноҳияи Айнӣ]], ки дар деҳаи [[Зосун]] вуҷуд дорад ба номи Нақибхон Туғрал гузошта шудааст. Бо ташаббус ва роҳбарии яке аз фарзандони ба ору номуси миллат, Ҳалим Ёров оромгоҳ, осорхона ва нимпайкараи Нақибхон Туғрал дар деҳаи Зосун сохта шудааст. Соли 2015 Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал дар зодгоҳаш деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ навсозӣ шудааст.