Аҳуромаздо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Манбаъ: ислоҳ
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Naqsh i Rustam. Investiture d'Ardashir 2.JPG|thumbnail]]
'''Аҳура Маздо''' ({{lang-fa|اهورامزدا}}), '''Урмуз''', номи'''Ҳурмуз''', '''Ҳурмузд''', офаридгори'''Ҳурмазд''' ҷаҳониноми Худои Ашаолӣ дар вадини маздаясно некӣ (саросари офариниши неку пок) дар динива [[Маздаясно|маздопарастонзардуштия]] аст.
[[Акс:Ahura Mazda.png|thumbnail|Чеҳраи бозсозиишудаи Аҳура Маздо]]
 
== МаъноВожашиносӣ ==
Дар Авесто ва катибаҳои Ҳахоманишён, осори адабиёти паҳлавӣ ва адабиёти форс-тоҷик бисёр вомехӯрад. Аз ду калима «Аҳура» – «сарвар» ва «Маздо» – «доно», дар маҷмӯъ «сарвари доно» таркиб ёфтааст. Бо пайдоиши парастиши Худои ягона – Аҳура Маздо ситоиши гурӯҳи худоёни ориёӣ аз байн рафт ва парастиши Худои ягона – Аҳура Маздо ҷорӣ гардид. Дар байни ориёиёни қадим нахуст девон худоёни нек буданд, вале баъдан онҳо ба худоҳои бадӣ табдил ёфтаанд. Ориёиёни сокини Ҳинд девонро Худои нек медонистанд. Дар бахшҳои гуногуни Авесто аз Аҳура Маздо чун Худои ягона, офаринандаи замину осмон, гиёҳҳо, тамоми ҳастии рӯйи ҷаҳон ёд шудааст. Дар «Готҳо»-и Зардушт тақрибан 200 дафъа Аҳура Маздо ба шаклҳои гуногун – Аҳура ва ё ҷойи дигар Маздо номбар гардидааст. Дар банди 4 боби 29 «Ясно» дар бораи Аҳура Маздо омадааст: «Бегумон Маздо беҳтар аз ҳама медонад, мардумони дурванд (пайравони дурӯғ) чӣ карданд ва огоҳ аст, ки дар оянда чӣ хоҳанд кард. Аҳура ягона додгустар (дар ҷаҳон) аст. Пас, он чи хости ӯ бошад, ҳамон хоҳад шуд». Баъдан дар бобҳои дигари Аҳура Маздо чун бароварандаи орзуҳо, фарзона, ободгари зиндагӣ, сароғозу саранҷоми ҳастӣ, падари маниши нек, довари кирдори ҷаҳониён ва ғайра тавсиф шудааст. Муколама, гуфтугӯ, муроҷиатҳои Зардушт ба Аҳура Маздо дар боби 44 «Ясно» (яке аз бобҳои «Готҳо») хеле ҷолибанд. Зардушт ба тариқи таҷоҳули ориф хостор аст бидонад, ки барои чӣ моҳ пурра мешавад ва боз мекоҳад, кист, ки заминро дар поён ва осмонро дар боло нигоҳ медорад, ҳаракати абрҳоро кӣ таъмин менамояд, рӯшноӣ ва торикиро кӣ офаридааст, бомдоду рӯзу шаб, вақтҳои намозро кӣ муайян кардааст, умуман ҷаҳони хуррамибахшро кӣ офаридааст?...
Дар паҳлавӣ ва Позанд ин номро ба гунаи Уҳрмазд, Ҳурмазд, Урмазд ва Аҳурой Мазд ва дар форсӣ ба сурати Аҳура Маздо ва Ҳурмуз мебинем. Дар «[[Гоҳон]]» танҳо се сурати ин ном, яъне Аҳура, Маздо ва Маздо Аҳура омадааст, аммо дар дигар бахшҳои [[Авесто]] бештар Аҳура Маздо дида мешавад.
 
Аксари бахшҳои Авесто ба шакли муколамаи Аҳура Маздо ва Зардушт сохта шудаанд. Масалан, яшти якуми бахши «Яштҳо», ки «Ҳурмузд – яшт» ном дорад, бо ҷумлаи «Зардушт аз Аҳура Маздо пурсид» оғоз меёбад. Дар банди 7 омадааст: «Он гоҳ Аҳура Маздо гуфт: Эй Зардушти ашаван! Якум: Манам сарчашмаи донишу огоҳӣ. Дувум: Манам бахшандаи галаву рама. Сеюм: Манам тавоно. Чорум: Манам беҳтарин Аша. Панҷум: Манам нишони ҳамаи диҳишҳои неки ашанажоди маздоофарида. Шашум: Манам хирад. Ҳафтум: Манам доноӣ. Ҳаштум: Манам хирадманд. Нуҳум: Манам доно». Дар ҳамин яшт бадин минвол 74 номи Аҳура Маздо зикр гардидааст. Дар Авесто инчунин дар атрофи Аҳура Маздо шаш тан Амшоспандон мавҷуданд, ки онҳо сифату ҷилоҳои ӯянд. Сифати беҳтарини Аҳура Маздо, махсусан дар осори адабиёти паҳлавӣ Спенд мину (аз авестоӣ спента маинйу – рӯҳи қудсӣ, минуи муқаддас) мебошад. Баъзан ба ҷойи Аҳура Маздо Спенд мину омадааст. Дар замони Ҳахоманишиён Аҳура Маздо мартабаву мақоми баланде дошт. Дар ҳар як катибаи мансуб ба шоҳони ҳахоманишӣ, масалан, Катибаи Бесутун аз шоҳ Доро, катибаҳои Хашиёршо, Ардашер ва дигар аз Аҳура Маздо чун Худои ёрирасон дар анҷом додани ин ё он амале зикр шудааст (ба хости Аҳура Маздо ман подшоҳ шудам, ба хости Аҳура Маздо ман ин шоҳро шикаст додам ва ӯ ба ман хироҷ месупорад, бо ёрии Аҳура Маздо иҷрои ин кор ба ман муяссар гардид ва ғайра). Ин мазмун дар як катиба аз «Нақши Рустам» чунин омадааст: «Бузург аст Аҳура Маздо. Ӯ ин заминро офаридааст, ӯ он осмонро офаридааст, ӯ мардумро офаридааст, ӯ ҳамаи васоили хуширо барои мардум офаридааст, ӯ Дориюшро подшоҳ сохт, ягона подшоҳи ҳама, ҳукмфармои кишварҳо». Дар сангнавиштаҳои Ҳахоманишиён низ Аҳура Маздо офарандаи мардум ва васоили хушӣ барои онон, бахшандаи подшоҳӣ ба ин ё он намояндаи хонадони Ҳахоманишиён ёд шудааст. Номи Аҳура Маздо дар осори файласуфон ва таърихнависони Юнон – Афлотун, Арасту ва дигарон ба назар мерасад. Дар осори динӣ, адабӣ ва таърихии мардуми эронинажод Аҳура Маздо муродифи сайёраи Муштарӣ мебошад. Дар тақвими зардуштӣ, тақвимҳои портӣ, суғдӣ, хоразмӣ, ки аз он манша гирифтаанд, рӯзи якуми ҳар моҳ Ҳур­муз (Ҳурмузд) ном дорад.     
 
Сари соли нав Ҳурмузи Фарвадин,
 
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.      
 
                                                        ''(Фирдавсӣ)''
 
== Адабиёт ==
 
* Авесто. Д., 2001; Саъдуллоҳи Наим. Қомуси асотир ва ишо­ро­ти фарҳангӣ. Д., 2006;
* Мифы народов мира. Т. 1. М., 1988;
* Мероси хаттии бостон. Ҷ.I ва II. - Душанбе,2016, - 565с.
* معین محمد. مزدا یسنا و أدب پارسی. تهران، ۱۳۵۵ هـ ش ؛
* رضی هاشم. فرهنگ نامهای اوستا. تهران، ۱۳۴۶ هـ. ش؛
* بهارمهرداد. أساطیر ایران. تهران، ۱۳۵۲ هـ. ش؛
* یاهقی محمد جعفر. فرهنگ أساطیر و إشارات داستانی در أدبیات فارسی. تهران، ۱۳۷۵ هـ. ش
 
[[Акс:Ahura Mazda.png|thumbnail|Чеҳраи бозсозиишудаи Аҳура Маздо]]
 
==Ҳамчунин нигаред==
Номи Аҳура Маздо аз ду ҷузъ ''Аҳура'' ва ''Маздо'' таркиб ёфтааст. Ҷузъи нахустин ҳамон аст, ки дар [[санскрит]] Асура гӯянд ва унвони гурӯҳе аз девондар асотири кӯҳнаи ҳиндувон буда ва дар асотиру дини эрониён Варуна шуда ва ба худованду офаридгор табдил ёфтааст. Дар асотири куҳани ҳиндувон, «Праҷа-пати» (Зарвон дар асотири эронӣ) ба маънии «Худованди офариниш» номи падари худоён аст, ки дар оғоз танҳо ба сар мебурдааст. Ӯ худоёну девон ё бино ба истилоҳи ҳиндӣ худ дар давраи «Бароҳамана»-ҳо, «Дева»-ҳо ва «Асура»-ҳоро офаридааст. «Дева»-ҳо, ки худоёнанд аз дами вай ва «Асура»-ҳо, ки девонанд, аз боди фурӯдини ӯ падид омадаанд. Аҳура дар [[Авесто]] ба маънии бузургу сарвар, ба унвони сифате барои изадони Меҳр ва Апам Напат ҳам ба кор рафта ва дар «[[Гоҳон]]» ва [[Авестои нав]] ба маънии ''фармонраво'' ва ''солору бузург'' дар мавриди одамиён низ омадааст ва дар гузориши паҳлавӣ, онро ба ''«Донок» (доно)'' баргардондаанд. Дар санскрит «Мездос» (баробари Маздои эронӣ) ба маънои ''дониш'' ва ''ҳуш'' аст. Бар рӯи ҳам Аҳура Маздо ба маънии ''«Сарвари доно»'' ё ''«худовандгори огоҳ»'' аст, ки дар [[Эрон]] ҳам пеш аз паёмоварии [[Зартушт]] ва ҳам (ба вижа) пас аз паёмбарии ӯ – номи офаридгори бузурги ҷаҳони некӣ ва Аша ва офариниши нек шинохта шуда ва Спентамаинйу (Спандмену) ба маънии Менуи варҷованд менуи вижаи ӯст, ки дар [[Авестои нав]] гоҳ ба ҷои номи ӯ ва баробар бо он ба кор меравад ва дар набарди бузурги офариниши поку нек бо офариниши нопоку бад, дар баробари Анграмаинйу (Аҳриман) ба маънии «Менуи ситеҳанда» қарор дорад (Анграмаинйу, Спентамаинйу ва Зарвон).<ref>Мероси хаттии бостон. Ҷ.I ва II. - Душанбе,2016, - 565с.</ref>
 
==Нигаред==
* [[Авесто]]
* [[Маздаясна]]