Мошинсозӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
дақиқсозӣ, сарчашмаҳо
No edit summary
Сатри 1:
[[File:1958 CPA 2249.jpg|200 px|right|thumb|[[Маркаи почта]]и [[СССР]], [[соли 1958]]: Пешсафи саноати шуравӣ<br>''Заводи мошинсозии вазнини Урал ([[Уралмашзавод]])'']]
'''Мошинсозӣ'''  — маҷмӯи соҳаҳои саноати вазнин, ки барои [[хоҷагии халқ]] мошин, таҷҳизот, [[дастгоҳ]], асбоб, ашёи маданию маишӣ ва инчунин ба мақсадҳои мудофиавӣ яроқу аслиҳа истеҳсол менамояд.
 
Мошинсозӣ асоси моддии аз техника мусаллаҳшавии тамоми хоҷагии халқ ба шумор меравад. Ҳосилнокии меҳнати ҷамъиятӣ, прогресси техникӣ, некӯаҳволии моддии халқ ва иқтидори мудофиавии мамлакат ба дараҷаи тараққиёти мошинсозӣ вобаста аст.
 
Мошинсозӣ асоси моддии аз техника мусаллаҳшавии тамоми хоҷагии халқ ба шумор меравад. Ҳосилнокии меҳнати ҷамъиятӣ, прогресси техникӣ, некӯаҳволии моддии халқ ва иқтидори мудофиавии мамлакат ба дараҷаи тараққиёти мошинсозӣ вобаста аст.
 
== Гурӯҳҳои мошинсозӣ ==
Мошинсози ба се гурух чудо мешавад:
* мехнатноки;
* металноки;
* илмноки.
Ин се гурух дар навбати худ ба зергуруххои зерини сохави таксим мешаванд:
* мошинсозии вазнин;
* мошинсозии умуми;
* мошинсозии миёна;
* мошинсозии дакик;
* истеҳсоли маҳсулоти филизӣ;
* таъмири мошин ва таҷҳизот.
 
== Таърих ==
Сатри 21:
 
=== Мошинсозӣ дар Шӯравӣ ===
Дар СССР мошинсозӣ саноати мошинсозии энергетикӣ, электротехника, дастгоҳ ва асбобу анҷомсозӣ, приборсозӣ, тракторсозӣ, саноати истеҳсоли мошинҳои хоҷагии қишлоқ ва ғайраро низ дар бар мегирифт. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолии мошинсозӣ аз ҷиҳати арзиши фонди истеҳсолии асосӣ ва шумораи коргарон дар СССР дар байни дигар саноатҳо ҷои якумро мегирифт.
 
Сиёсати индустронии социалист, тараққиёти ҳаматарафаи инкишофёбанда талаботро ба мошин ва таҷҳизот афзун гардонид. Маҳз Мошинсозӣ дар панҷсолаҳои нахустин ва баъдиҷангӣ зуд тараққӣ кард. Мас., агар дар панҷсолаи 1-ум (1929—32) ҳаҷми маҳсулоти умумии саноати СССР 19,2 % афзуда бошад, пас дар ин солҳо ҳаҷми маҳсулоти саноати Мошинсозӣ ва коркарди металл 41,3 %; дар панҷсолаи дуюм (1933—37) таносубан 17,1 % ва 23,1 %, дар 3 соли пешазҷангии ва панҷосолаи 3-юм (1938—40) 13,2 ва 20,7 % афзуд, ҳаҷми маҳсулоти саноати мошинсозӣ ва коркарди металл соли 1972 нисбат ба 1913 1040 ва нисбат ба 1940 35,1 маротиба афзуд. Соли 1972 маҳсулоти саноати мошинсозӣ ва коркарди металл дар СССР У ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатиро ташкил мекард. Дар ибтидои соли 1973 хоҷагии халқи СССР дорои 4,08 млн дастгоҳҳои металлбуррӣ, 948 ҳазор мошинҳои пресс (мангана), даҳҳо ҳазор комбайн кони ангишту маъданканӣ, боркунӣ, конвейерҳо, электровозу, 119,2 ҳазор экскаватор, 33,7 ҳазор скрепер, 117,5 ҳазор булдозер, 135,7 ҳазор крани ҳаракаткунанда ва ғ. буд. Дар хоҷагии қишлоқ. 2,11 млн трактор, 656 ҳазор комбайни ғалладарав, 1,23 млн мошини боркаш (ба ғайр аз ташкилотҳои байниколхозии ба хоҷагии қишлоқ алоқанадошта), 1,22 млн тухмипошакҳо ва садҳо ҳазор дигар мошин ва воситаҳои техникӣ буд. СССР аз рӯи ҳаҷми маҳсулоти саноати мМошинсозӣ ва коркарди металл дар Аврупо ҷои якум ва дар дунё ҷои дуюмро ишғол мекард (1976).
 
== Мошинсозӣ дар Тоҷикистон ==