Абдулҳамид Самад: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Эзоҳ: ислоҳ
No edit summary
Сатри 1:
{{Шахсият
| ном =
| номи аслӣ = Абдулҳамид Самад (Абдулҳамид Самадов)
| тасвир =
| санаи таваллуд = [[5 август]]и [[соли 1947]]
| зодгоҳ = деҳаи ШикоргоҳШикоргаҳ, [[ноҳияи Ховалинг]]
| санаи марг =
| навъи фаъолият = нависанда
}}
'''Абдулҳамид Самад''' ([[5 август]]и [[соли 1947]], деҳаи ШикоргоҳШикоргаҳ, ноҳ. Ховалинг), нависанда. Аз с. 1982 узви [[Иттифоқи нависандагони ИҶШС ва Тоҷикистон]]. [[Нависандаи халқии Тоҷикистон]] ([[1999]])
== Зиндагинома ==
ХатмкардаиАз сабаби факултиба забондеҳаи Кадучии ваноҳияи Восеъ адабиётикӯчидани хонадонашон тоҷикимактаби миёнаро ДДОТдар (1969)ҳамин деҳа ба итмом расондааст. Соли Фаъолияти1965 ба меҳнатӣ:факултаи филологияи мухбириДонишкадаи [[Ҷумҳуриятдавлатии омӯзгорӣ дохил шуда, соли 1969 онро хатм кардааст. Баъдан дар (рӯзнома)|рӯзномаи «Ҷумҳурият»]] («Тоҷикистони Советӣ», ба 1969-1977)фаъолият пардохта, то ходимисоли 1977 адабӣ,дар муҳарриривазифаҳои гуногун шуъбаиифои вазифа насринамудааст. Сипас ба маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» даъват шуда, солҳои (1977-1987), дар муовинишуъбаи сармуҳарриринасри он фаъолият бурдааст. Баъдан муовини сардабири [[ҳафтаномаиҳафтавори «Адабиёт ва санъат»]] (1987-1988), Муовинимуовини сармуҳарририсардабири [[маҷаллаимоҳномаи «Фарҳанг»]] (1989-1990), сармуҳарририва сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» (1990-1993), чандбудааст. солАз бозсоли 1993 то соли 2015 муовини аввали раиси [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] буд.
 
== Эҷодиёт ==
Аз овони наврасӣ хабару мақола, аз айёми донишҷӯйӣ лавҳаву ҳикояҳои алоҳидаи Абдулҳамид Самад дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ чоп шудаанд. Солҳои ҳафтодуми асри бист қиссаву ҳикояҳои ӯ дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ»-у «Помир», ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ва дигар маҷаллаву рӯзномаҳо ба табъ расидаанд. Нахустин қиссаи ӯ «Баъд аз сари падар» соли 1979 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» интишор ёфта, мақбули хонандагон ва муҳити илмиву адабӣ гардидааст.
Абдулҳамид Самад муаллифи 20 китоби хурду бузургҳаҷм аст. Асарҳояш «Баъд аз сари падар» (1982) ва «Аспи бобом» (1986) с. 1990 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидаанд. Китобҳои алоҳидааш дар нашрияҳои Маскаву Теҳрон нашр гардидаанд. Қиссаву ҳикояҳояш ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд.
 
Офаридаҳои Абдулҳамид Самад то имрӯз дар авроқи гулчину маҷмӯаҳои «Шохи чанор» (1981), «Баъд аз сари падар» (1982), «Паррончакҳо» (1983), «Пиёлаи шикаста» (1986), «Аспи бобом» (1986), «Косаи давр» (1987), «Майдон» (1989), «Акаи ошиқ» (1992), «Шаҳдрези садо» (1997), «Баъд аз сари падар» (мунтахаби қиссаҳо; ба ҳуруфи форсӣ, Теҳрон, 1999), «Талош» (2002), «Гардиши девбод» (2007), маҷмӯаи ҳикояҳои барои хурдсолон «Ман ошнои ту, ту ошнои ман», (1999, 2003), «Гиряи хирс» (2006), «Гардиши девбод» (ба ҳуруфи форсӣ, 2012) ва ғ. интишор ёфтаанд.
 
Намунаҳое аз ашъораш дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Андешаҳои доманадори адабӣ ва сафарномаву сафаргуфтаҳои сабақомӯзи ӯ дар авроқи китоби «Санги маҳак ва тарозуи ҳунар» (2012) фароҳам омадаанд.
 
Муаллифи сафарнома ва чанд пйесаи якпардагӣ ҳам мебошад ва дар хусуси масъалаҳои муҳимми рӯзгору ахлоқу иҷтимоъ, таҳаввулоти назму насри муосири тоҷикӣ чандин мақола навишта, паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти Устод Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ф. Муҳаммадиев, Ҷ. Икромӣ, Ф. Ниёзӣ, М. Авезов, Ч. Айтматов, Лоиқ, Ғ. Сафарзода, С. Турсун. Ҷ. Бақозода, А. Саъдуллоев, С. Шарифзода, Сайф Раҳим ва дигарон эссеҳои хотирнишине ба чоп расондааст.
 
Абдулҳамид Самад дар мактаби ибратбахши рӯзноманигорӣ сабақи даркорӣ гирифта, пасту баланди зиндагӣ ва хислату характери одамонро хуб омӯхтааст, дар ҷараёни офаридани симоҳои адабӣ аз ин масолеҳи зарурӣ устодона истифода бурдааст ва аксари кулли навиштаҳояшро ҷаззобияту ҳассосияти хосе бахшидааст.
 
Дар таълифи асарҳояш бештар аз ҳолату ҳикмати рӯзгори имрӯза маншаъу мабдаъ мегирад ва дар ҷараёни тасвири симои инсонҳои гуногунманиш роҳ ба олами ботини онон мекушояд, то хонандагонаш аз ин равзана вориди ҷаҳони бекароне гарданду бибинанду аҳлашро бишиносанду хулосаи даркорӣ бардоранд.
 
Забони асарҳои нависанда пухтаву суфта, муҳовараҳо нишонрасу самимӣ, банду басташон устокорона, муҳтавояшон таъсирбахшу сабақомӯз буда, ҳақдорона муаллифашонро дар радифи устодони насри ҳамзамони тоҷикӣ қарор додаанд.
 
Асарҳои алоҳидаи нависанда ба бисёре аз забонҳои мардуми ҷамоҳири шӯравӣ ва мамолики хориҷӣ тарҷумаву чоп шудаанд. Аз ҷумла, соли 1986 нашриёти «Советский писатель» (Маскав) маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои ӯ «Мечта молодости», соли 1998 қиссаи «Дедушкин конь»-ро дастраси хонандагони сершумори русизабон гардондааст.
 
Абдулҳамид Самад аз мутарҷимони муваффақи кишварамон буда, як идда қиссаву ҳикояҳои А.П. Чехов. С. Залигин, Азиз Несин, Н.В. Думбадзе, Г. Тютюнник, Ева Лисинаро ба тоҷикӣ гардондааст.
 
== Мукофоту ҷоизаҳо ==
* Соли 1990 барои қиссаҳои «Аспи бобом» ва «Баъд аз сари падар» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст,
* Нависандаи халқии Тоҷикистон (1999),
* Ҷоизаи байналмилалии сарвати зеҳнӣ (Женева) (2011) <ref>Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 84</ref>