Абдулҳамид Самад
Абдулҳамид Самад (5 августи соли 1947, деҳаи Шикоргаҳ, ноҳияи Ховалинг) — нависанда, рӯзноманигор. Аз соли 1982 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Нависандаи халқии Тоҷикистон (1999), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1990).
Абдулҳамид Самад (Абдулҳамид Самадов) | |
Таърихи таваллуд: | 5 август 1947 (77 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Шикоргаҳ, ноҳияи Ховалинг, ҶШС Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда, рӯзноманигор |
Жанр: | қисса, ҳикоя |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишАбдулҳамид Самад бо сабаби ба деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ кӯчидани хонадонашон мактаби миёнаро дар ҳамин деҳа ба итмом расондааст. Соли 1965 ба факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ дохил шуда, соли 1969 онро хатм кардааст. Баъдан дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ба фаъолият пардохта, то соли 1977 дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа намудааст. Сипас ба маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» даъват шуда, солҳои 1977—1987 дар шуъбаи насри он фаъолият бурдааст. Баъдан муовини сардабири ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» (1987—1988), муовини сардабири моҳномаи «Фарҳанг» (1989—1990) ва сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» (1990—1993) будааст. Аз соли 1993 то соли 2015 муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.[1]
Эҷодиёт
вироишАз овони наврасӣ хабару мақола, аз айёми донишҷӯйӣ лавҳаву ҳикояҳои алоҳидаи Абдулҳамид Самад дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ чоп шудаанд. Солҳои ҳафтодуми асри бист қиссаву ҳикояҳои ӯ дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ»-у «Помир», ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ва дигар маҷаллаву рӯзномаҳо ба табъ расидаанд. Нахустин қиссаи ӯ «Баъд аз сари падар» соли 1979 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» интишор ёфта, мақбули хонандагон ва муҳити илмиву адабӣ гардидааст. Офаридаҳои Абдулҳамид Самад то имрӯз дар авроқи гулчину маҷмӯаҳои «Шохи чанор» (1981), «Баъд аз сари падар» (1982), «Паррончакҳо» (1983), «Пиёлаи шикаста» (1986), «Аспи бобом» (1986), «Косаи давр» (1987), «Майдон» (1989), «Акаи ошиқ» (1992), «Шаҳдрези садо» (1997), «Баъд аз сари падар» (мунтахаби қиссаҳо; ба ҳуруфи форсӣ, Теҳрон, 1999), «Талош» (2002), «Гардиши девбод» (2007), маҷмӯаи ҳикояҳои барои хурдсолон «Ман ошнои ту, ту ошнои ман», (1999, 2003), «Гиряи хирс» (2006), «Гардиши девбод» (ба ҳуруфи форсӣ, 2012) ва ғ. интишор ёфтаанд. Намунаҳое аз ашъораш дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Андешаҳои доманадори адабӣ ва сафарномаву сафаргуфтаҳои сабақомӯзи ӯ дар авроқи китоби «Санги маҳак ва тарозуи ҳунар» (2012) фароҳам омадаанд. Муаллифи сафарнома ва чанд пйесаи якпардагӣ ҳам мебошад ва дар хусуси масъалаҳои муҳимми рӯзгору ахлоқу иҷтимоъ, таҳаввулоти назму насри муосири тоҷикӣ чандин мақола навишта, паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти Устод Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ф. Муҳаммадиев, Ҷ. Икромӣ, Ф. Ниёзӣ, М. Авезов, Ч. Айтматов, Лоиқ, Ғ. Сафарзода, С. Турсун. Ҷ. Бақозода, А. Саъдуллоев, С. Шарифзода, Сайф Раҳим ва дигарон эссеҳои хотирнишине ба чоп расондааст. Абдулҳамид Самад дар мактаби ибратбахши рӯзноманигорӣ сабақи даркорӣ гирифта, пасту баланди зиндагӣ ва хислату характери одамонро хуб омӯхтааст, дар ҷараёни офаридани симоҳои адабӣ аз ин масолеҳи зарурӣ устодона истифода бурдааст ва аксари кулли навиштаҳояшро ҷаззобияту ҳассосияти хосе бахшидааст. Дар таълифи асарҳояш бештар аз ҳолату ҳикмати рӯзгори имрӯза маншаъу мабдаъ мегирад ва дар ҷараёни тасвири симои инсонҳои гуногунманиш роҳ ба олами ботини онон мекушояд, то хонандагонаш аз ин равзана вориди ҷаҳони бекароне гарданду бибинанду аҳлашро бишиносанду хулосаи даркорӣ бардоранд. Забони асарҳои нависанда пухтаву суфта, муҳовараҳо нишонрасу самимӣ, банду басташон устокорона, муҳтавояшон таъсирбахшу сабақомӯз буда, ҳақдорона муаллифашонро дар радифи устодони насри ҳамзамони тоҷикӣ қарор додаанд. Асарҳои алоҳидаи нависанда ба бисёре аз забонҳои мардуми ҷамоҳири шӯравӣ ва мамолики хориҷӣ тарҷумаву чоп шудаанд. Аз ҷумла, соли 1986 нашриёти «Советский писатель» (Маскав) маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои ӯ «Мечта молодости», соли 1998 қиссаи «Дедушкин конь»-ро дастраси хонандагони сершумори русизабон гардондааст. Абдулҳамид Самад аз мутарҷимони муваффақи кишварамон буда, як идда қиссаву ҳикояҳои А. П. Чехов. С. Залигин, Азиз Несин, Н. В. Думбадзе, Г. Тютюнник, Ева Лисинаро ба тоҷикӣ гардондааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1990),
- Нависандаи халқии Тоҷикистон (1999),
- Ҷоизаи байналмилалии сарвати зеҳнӣ (Женева) (2011)[2]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 84
- ↑ Абдулҳамид Самад(тоҷ.). navisandagan.tj. 18 июни 2019 санҷида шуд.