Амир: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
[[File:Prokudin-Gorskii-19-v2.png|255px|thumb|''Амир''и [[Бухоро]] [[Сайид Олимхон|Олимхон]] (1880—1943). Акси [[Прокудин-Горский, Сергей Михайлович|С. М. Прокудин-Горский]] соли 1911]]
'''Амир''' ({{lang+ar|امير|ҳукмрон, ҳоким, пешво, сарвар, роҳбар, доҳӣ|’amīr}}) — унвони сардори [[қавм]] ё қабила, ҳоким (дар [[хилофати араб]], ки аз тарафи халифа дода мешуд, чун амиралмӯъминин), княз ва дигар мансабдори намояндагони аъёну ашроф дар мамолики исломии Шарқ ва Африка.
 
== Дар замони хилофат ==
Амир дар давраи [[Умавиён]] маънои лашкаркашро дошт, ки халифа таъйин мекард. Пас аз забти ягон вилоят ба он сардор таъйин карда, ӯро амир меномиданд. Пас аз паҳн гаштани ислом амир маънои ҳокими мутлақи давлати исломиро ифода мекард (мас., амири Бухоро). Дар давраи Аббосиён, одатан, амир ҳокимоне буданд, ки ҳокимияти халифаҳоро эътироф мекарданд. Бо ин истилоҳ инчунин собиқ ноибони ба вазифаи халифа таъйиншаванда (Ағлабиён, Тоҳириён) ва ҳокимони мустақиле, ки ба воситаи аслиҳа давлат барпо кардаанд (Саффориён, [[Ғазнавиён]], [[Бувайҳиён]]), номида мешуданд (дар амир 10 султон низ меномиданд).
 
Дар охири асри 10 — ибтидои асри 11 амир гуфта ҳокимон ё лашкаркашони ба табақаҳои гуногун мансубро меномиданд (айюбиҳо, мамлукҳо). Дар Мовароуннаҳри асримиёнагӣ мансабҳои «амир-ул-умаро» ва «амири шикор» мавҷуд буданд. Пас аз истилои муғулҳо дар ӯрдаи тиллоӣ (Олтин ӯрда), Мовароуннаҳр ва Эрон амир гуфта сардорони улус (вилоят)-ҳоро меномиданд. Ин унвонро Темурланг низ соҳиб шуда буд. Дар давраи Темуриён шоҳзодагонро «амирзода» (писари амир) меномиданд, ки шакли кӯтоҳшудаи форсии «мирзо» аст. Дар замони хонҳои Бухорои то давраи Манғитиён унвони амир ба сардорони қабилаҳову қавмҳои бонуфузу обрӯманд дода мешуд. Аз ох охири асри 18 асосгузори сулолаи Манғитиён — Муҳаммад Раҳимхон ба ҷойи унвони «хон» унвони амирро қабул кард. Бо ин амалаш ӯ нишон медод, ки ӯ ҳокими яке аз вил-ҳои давлати ягонаи исломӣ мебошад ва ҳокимияти хонро эътироф мекунад. Пас аз Муҳаммад Раҳимхон ин унвон фақат ба ҳокимони аморати Бухоро мансуб мешуд. Дар Эрони давраи Сафавиён унвони амир ба ҳокими вилоят, дар Афғонистон аз давраи Дӯстмуҳаммадхон амир ба ҳокимони қабилаи баракзуйҳо дода мешуд. Амир дар замони гузашта унвон ё рутбаи олӣ маҳсуб мешуд: амир-ул-умаро (рутбаи олии ҳарбӣ), амир-ул-баҳр (фармондеҳи қувваҳои баҳрӣ, адмирал), амиру-л-ҷайш (сипаҳсолор), амир-уш-шуаро (сарвари шоирони дарбор ё давр), амир-ул-ҳуҷҷоб (сардори дарбонҳо) ва ғ. Ҳоло дар баъзе давлатҳои араб (мас., Арабистони Саудӣ) унвони амир ба валиаҳд ва шоҳзодаҳои сулолаи ҳукмрон дода мешавад. Сарварони гурӯҳи калони ҳоҷиёнро, ки ба зиёрати Макка равонанд, низ амир (амир-ул-ҳоҷӣ) меноманд. Ниг. низ Аморат.
 
== Амир замони Сомониён ==
Дар давлати Сомониён сарвари давлат буда, ҳамчун монарх тамоми ҳуқуқҳоро дар қаламрави давлат дошт. Сарвари давлати Сомониён, ки Амуралмуъминин номида мешуд, шахси олимақоми мансабдор дар давлат ба ҳисоб рафта, баробари он ҳокимияти олии судиро ба амал мебаровард. Умуман амир дар давлати Сомониён дорои ин гуна салоҳиятҳо буд:
* ҳимояи дин;
* баамалбарории адолати судӣ;
* ҷангидан барои пок нигоҳ
* доштани эътиқоди динй;
* ситонидани андоз;
* идора намудани мамлакат.
Фармони амир санади олии ҳокимияти давлатӣ ба шумор мерафт, ки иҷрои ҳатмии он аз тарафи ҳамаи шахсони мансабдори давлатӣ ва фуқаровоҷиб буд. Ҳамин тариқ, амирони давлати Сомониён шахсони мансабдори олимартаба дар давлат ба ҳисоб рафта, санадҳои ҳуқуқие мебароварданд, ки онҳо дорои қувваи олии ҳукуқӣ буданд, дар навбати худ мақоми олии судӣ ба шумор мерафтанд, ҳамаи амалдорони олимақомро ба мансабҳои давлатӣ таъин менамуданд, бо дигар давлатҳо шартномаҳо мебастанд.<ref> Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. Амир — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 44 </ref>.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Амир"