Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Сатри 1:
{{Дигар мазмунҳо|Моҳ (мазмунҳо)}}
[[АксFile:Lunation animation November 2009.gif|thumb|Ҳаракти моҳ]]
[[АксFile:Луна фото3.JPG|thumb|Моҳтоб]]
'''Моҳтоб''' - — ягона ҳамрадифи табиии [[Замин]] мебошад. Ин баъди [[Офтоб]] дуюмин ҷирми бонури осмонист, ки дар [[Замин]] метобад ва яке аз ҳамрадифҳои калонтарини [[Системаи Офтоб|системаи офтобӣ]] ба ҳисоб меравад. Инчунин ягона объекти ғайризаминист, ки ба он пои инсон расидааст. Масофаи миёнаи байни марказҳои [[Замин]] ва Моҳтоб  — 384 467  км мебошад.
 
Моҳтоб  дар  атрофи  Замин  ба  ҳисоби  миёна  бо  суръати  1,22  км сония  муқобили  самти  гашти  ақрабаки  соат  ҳаракат  мекунад. Масофаи  байни Замину Моҳтоб қариб ба 385 ҳазор км баробар аст. Шакли  Моҳтоб  лунда  буда,  паҳниаш  1737  км  мебошад.  Вазни Моҳтоб  аз  вазни  Замин  81,3  маротиба  камтар  аст.  Сатҳи  Моҳ  обу ҳаво  надорад.  Ана  барои  ҳамин,  дар  Моҳтоб  ягон  нишонаи  хаёт нест.  Моҳтоб  аз  рӯи  мадори  худ  ҳаракат  карда,  дар  муддати  30 шабонарӯзи мо аз байни Офтобу Замин як маротиба мегузарад. Дар ин вақт Моҳ нав мешаваду пас аз ду рӯз дар қисми ғарбии осмон дар шакли  дос  ё  карчи  харбуза  (хатти  нимдоира)  аз  нав  намудор мешавад. Моҳтоб  аз  худ  нур  намебарорад, лекин  шабона  барои  он  ба назари  мо  равшан  менамояд,  ки  нурҳои  Офтоб  ба  сатҳи  Моҳтоб расида, акс мешаванд.  Моҳтоб дар гирди меҳвари худ давр мезанад. Бинобар ин, дар он ҷо ҳам мисли Замин шабу рӯз мешавад. Азбаски Моҳтоб  назар  ба  Замин  сусттар  давр  мезанад,  як  шабонарӯзи Моҳтоб ба 29, 2 шабонарузи Замин баробар аст. Аз ин ҷиҳат, як рӯзи Моҳтоб ба ду ҳафтаи мо баробар аст. Як шабонарузи Моҳтоб ба 720 соат баробар аст.  Ба воситаи телескоп кӯҳу чуқуриҳои сатҳи Моҳро дидан  мумкин  аст. Аз  Замин  истода,  фақат  як  тарафи  Моҳтобро мебинем. Кайҳоннавардон  ба  Моҳтоб  рафта,  дар  истгоҳҳои автомата  мушоҳида  гузарониданду  намунаи  ҷинсҳои  сатҳи  онро оварда омухтанд. Соли  1957 аввалин ҳамсафари сунъиро cap доданд. Х °л° бошад, дар атрофи Замин бисёр ҳамсафарони сунъӣ мегарданд, ки аз Замин дар  масофаҳои  гуногун  ҳаракат  мекунанд.  Ин  ҳамсафарҳо  гирди Заминро  гашта,  аз  он  ҷо  маълумоте мефиристанд,  ки  барои  пешгуй кардани  обу  ҳаво,  намоиш  додани  барномаҳои  телевизионй, инчунин бо мақсади ҳарбӣ ва ғайраҳо заруранд.
 
== Нигаред ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Моҳ"