Омударё: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х Ивази шаблон |
No edit summary |
||
Сатри 1:
{{Дарё
|Ном =
|Номгузории миллӣ = ps/د آمو سيند/tg/Амударё/uz/Amudaryo/tk/Amyderýa
|
|
|
|
|
|
|
|Сарчашма = Пянҷ/Вахш
|Мавқеи сарчашма = Минтақаи кӯҳии Помир
|Баландии сарчашма =
|Координатаҳои сарчашма = 37.106/68.3063
|Резишгоҳ = Баҳри Арал
|Мавқеи резишгоҳ =
|Баландии резишгоҳ =
|Координатаҳои резишгоҳ = 44.1083/59.6811
|
|Мамлакат = Ағонистон/Тоҷикистон/Ӯзбакистон/Туркманистон
|Минтақа =
|Минтақа 1 = Вилояти Хатлон
|Минтақа 2 =
|Минтақа 3 =
|Ноҳия =
|Харитаи мавзеъ = Ӯзбекистон
}}
'''Аму''', '''Ому''', '''Ҷайҳун''', '''Амударё''' ({{lang-fa|
Амударё оқибат ба [[Баҳри Арал]] мерезад. Дарозиаш 1415 км, аз саргаҳи Панҷ — 2540 км. Масоҳати ҳавзааш то шаҳри Каркӣ 309 ҳазор км<sup>2</sup> (ғайр аз ҳавзаҳои Зарафшон ва Қашқадарё). Майдони обҷамъшавӣ (якҷоя бо ҳавзаҳои Зарафшон ва Қашқадарё) 227 ҳазор км<sup>2</sup>.
== Таърих ==
Дар китоби Авесто бо номи Дойтиё маълум аст, ки дар Ориёнвиҷ ё худ Ориён Ваеҷа ҷорӣ мешавад.
=== Решашиносии ном ===
Куҳантарин номи таърихии Амударё Вахш аст, ки бархоста аз вожаи «vaxšu-» (дар давраи эронии бостон) буда маънояш «боланда, фазоянда» аст. Ҳамин номро юнониён «Ὄξος» навиштанд ва румиён онро лотинӣ карданду «Oxus» нигоштанд. Ин вожа дар номи рӯдҳои Вахшу Вахон (ва эҳтимолан дар номҳои Вахиё ва Ахшу ё Кӯлобдарё, ки туркона Оқсуяш хонем) боз мондааст.
Дар даврони бостон рӯди Вахшро сарчашмаи аслии Амударё мешумурдаанд, аз ин рӯ номи бостонияш бар ин рӯд боз мондааст.
Гетинигорони даврони исломӣ Ҷарёбро сарчашма медонистанд, ки акнун [[Панҷ (рӯд)|Панҷ]] номида мешавад ва саргаҳи он Вахоб хонда мешавад, ки аз Вахон ояд. Чунончи, нависандаи гумноми «
Ҷарёб бояд таҳрифе бошад аз вожаи Харвоб, ки онро Харбобу Харноб низ овардаанд: ({{lang-fa|
Амударё дар «[[Авесто]]» «
Аммо Аму бархоста аз номи амардҳо
Амуй муҳимтарин гузаргоҳи Вахш дар роҳи [[Марв]] ба [[Бухоро]] буд ва аз ин рӯ номаш бар рӯду регзори гирду канораш низ гузашт. Аз инҷост ки Одам-уш-шуаро [[Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] ин рӯдро «Оби Ому» ва Қароқумро «Реги Ому» хондааст.
Арабҳо Вахшро «
Амулро муғулҳо вайрон карданд ва чанде пас вайронаҳояш
==
Қисми асосии оби Амударё аз дарёҳои Панҷ ва Вахш аст, ки сароби онҳо — пиряхҳо ва барфҳои доимӣ дорад (масоҳ. пиряхҳо қариб 8 ҳазор км²). Аз ҷойи пайваст шудани дарёҳои Панҷу Вахш то тангнои Илчик (байни Келиф ва Каркӣ) бари водии ҳозираи Амударё аз 4 то 25 км аст. Баъди аз тангно гузаштани он бари водӣ 2-4 км мешвад ва дарё ба сӯи шим. ғарб тоб хӯрда минбаъд аз байни биёбонҳои Қароқум ва Қизилқум ҷорӣ мегардад. Дар тангнои Туямуюн Амударё аз таҳнишастҳои аллювиалии делтаи қадима мегузарад. Минбаъд водии дарё васеъ шуда, бари он ба даҳҳо км мерасад; делтаи ҳозираи Амударё аз деҳаи Тахиатош сар мешавад. 180 км-и аввали Амударё шохобҳо дорад, дар масофаи боқимонда оби он барои обёрӣ сарф мегардад, қисман бухор ва дар поёноб камоб мегардад. Шохобҳои асосиаш — Вахш, Кофарниҳон, Сурхондарё ва Сурхон, Қундуздарё ва Кӯкча.
== Корбурди иқтисодӣ ==
Истифодабарии оби Амударё барои обёрӣ, одатан, аз март сар шуда, моҳҳои июн — авг. ба дараҷаи баланд мерасад. Сарфи солонаи об дар моҳҳои январ — феврал, дар баъзе солҳо моҳи март ҳам кам аст. То соли 1960 сарфи миёнаи об дар назди ш. Каркӣ дар як сония 2000 м<sup>3</sup>-ро ташкил медод. Оби Амударё тира аст (3,3 кг/ м<sup>3</sup>). Поёноби Амударё ях мебандад, дар ҳаволаи ш. Нуқус он тақр. 4 моҳ ях мекунад.
Амударё ва шохобҳои он барои обёрӣ аҳамияти калон доранд; аз он заминҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон обёрӣ мешаванд. Соли 1962 канали Қароқум ба номи Ленин (дарозиаш 800 км) ба истифода дода шуда, оби Амударё то ба Ашқобод бурда шуд. Ҳамин тавр, дар воҳаҳои Мурғоб ва Таҷани Туркманистон 170 ҳазор га замини нав обёрӣ гардид. Барои обёрии заминҳои Бухоро соли 1962 канали Аму — Қарокӯл, соли 1965 канали Аму — Бухоро канда шуд. Оби Амударё ба воситаи насосҳои пуриқтидор ба системаи обёрии дашти Қаршӣ равон гардид. Амударё аҳамияти нақлиётӣ низ дорад. Аз Тирмиз то поёноби Амударё дарё киштигард мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон киштӣ то Панҷи Поён ҳаракат карда метавонад. Қисми киштигарди дарё (бо Панҷ) бештар аз 1400 км-ро ташкил медиҳад. Ба воситаи Амударё маҳсулоти саноати нефт, чӯбу тахта, нуриҳои минералӣ, пахта ва ғ. кашонда мешавад. Муҳимтарин бандарҳои Амударё Тирмиз, Каркӣ, Чорҷӯй ва Нуқус мебошанд. Дар ҳавзаи Амударё давлатҳои қадими Осиёи Марказӣ — Хоразм, Суғд ва Бохтар ҷой гирифта буданд. Тадқиқи Амударё асосан аз охирҳои Амударё 19 оғоз ёфт. Дар ҳудуди Тоҷикистон аз болои дарё Панҷ якчанд кӯпрукҳои пуриқтидор сохта шудаанд, ки барои рушди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон аҳамияти муҳими стратегӣ доранд.
== Набототу ҳайвонот ==
Соҳилҳояш, хусусан поёноби он тӯқау чакалакзор (санҷид, сафедор, газ, най ва ғ.). Дар Амударё моҳӣ бисёр аст: лаққамоҳӣ, хормоҳӣ, белбинӣ, зағорамоҳӣ ва ғ.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
==Пайвандҳои беруна ==
* [http://www.ferghana.ru/article.php?id=5782 Водные проблемы возникают из-за «несоответствия интересов верховий и низовий»] (статья о современном водном балансе бассейна Амударьи)
{{Тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}▼
== Сарчашма ==
{{
▲{{Тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
[[Гурӯҳ:Ҷуғрофияи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дарёҳои Тоҷикистон]]
|