Амур: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 23:
|Харитаи мавзеъ =
}}
'''Аму́р''' ({{Чинӣ|黑龍江|黑龙江|Hēilóng-jiāng|Хэйлунцзян}}; ин номро Амур 17 кашшофони рус додаанд; муғулӣ: Хара-Мурэн — сиёҳдарё) — калонтарин [[дарё]]и [[Шарқи Дур]]. Аз як шудани дарёҳои Шилка ва Аргун оғоз ёфта, ба халиҷи Амури Баҳри Охота мерезад. Дарозиаш 2824 км, аз саргаҳи Аргун (Хайлар) 4440 км.
 
== Мавқеи ҷуғрофӣ ==
Аз як шудани дарёҳои Шилка ва Аргун оғоз ёфта, ба халиҷи Амури Баҳри Охота мерезад. Дарозиаш 2824 км, аз саргаҳи Аргун (Хайлар) 4440 км. Ҳавзаи Амур дар ҳудуди 3 давлат — Русия (54 %), Хитой (44,2 %) ва Муғулистон (1,8 %) воқеъ буда, 1855 ҳазор км<sup>2</sup> масоҳат дорад. Қисми зиёди ҳавзаи Амур дар Русия (вил-ҳои Чита, Амур, Вилояти Мухтори Яҳудиён ва кишвари Хабаровск) ҷорӣ мешавад. Шабакаи гидрографии Амур 10610 дарё ва 61426 кӯлро дар бар мегирад. Амур дар болообаш аз водии тангу чуқур бо суръат ҷорӣ гашта, баъди ҳамроҳ шудани Зея аввал ҳамвории Зея-Бурея, пас қ-кӯҳи Хингани Хурдро бурида мегузарад ва ба пастии Амури Миёна мебарояд. Дар ин ҷо ҷараёни Амур суст ва ба шохаҳо тақсим шуда, то резишгоҳ аз водии васеъ ҷорӣ мешавад. Амур ҳар қадар поёнтар равад, фарох ва бузургтар гашта, паҳноии он дар ҷараёни поёнаш то 4 — 6 км мерасад. Дар резишгоҳ тунукоби (лимани) васеъ ба вуҷуд овардааст, ки 48 км тӯл мекашад. Қариб 80 фоизи манбаи оби Амур аз боронҳои тобистону тирамоҳ аст. Дар давраи боронгарӣ Амур туғён карда, аз соҳилҳо мебарояд ва бари он аз 10 то ба 25 км мерасад. Давраи камобиаш — ох. зимистон. Ноябр ях баста, яхи болообаш моҳи май ва поёнобаш апрел об мешавад. Шохобҳои калонаш: Зея, Бурея, Амгун — аз чап, Сунгарӣ, Уссурӣ — аз рост. Захираи энергетикии Амур бузург буда, иқтидори потенсиалии ҳавзаи он ба 45 млн кВт ва иқтидори энергияи саноатиаш ба 15 млн кВт мерасад. Аз ҷиҳати гуногунии моҳӣ (108 намуд) Амур дар Русия ҷойи аввалро мегирад. Дар он калуга — бузургтарин моҳии дарёӣ вомехӯрад. Моҳиҳои шикорбобаш кета, горбуша, тосмоҳӣ, лаққамоҳӣ, белугаи амурӣ ва ғарб Тамоми Амур киштигард буда, муҳимтарин роҳи обии Шарқи Дур аст. Дар соҳили Амур шаҳрҳои Амурск, Благовешенск, Хабаровск, Комсомолски Амур, Николаевски Амур (Русия) ва Хэйхэ (Хитой) воқеанд. Ҳавзаи Амур конҳои ангишт, тилло дорад. Солҳои охир дар натиҷаи сохтани сарбандҳо дар соҳили рост, наздикиҳои Хабаровск оби Амур кам, дар шохобҳои Бешеная ва Пемзенская баръакс зиёд шуд. Дар ин шохобҳо аз соли 2005 корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба роҳ монда шудааст, то хатари зери об мондани иншооти гидротехникӣ, маҳалҳои аҳолинишини соҳили чапи Амур бартараф карда шавад. Фаъолияти истеҳсолӣ дар соҳили муқобил (Хитой) ба солимии экологии Амур таъсир расонда, дар таркиби об нефт, фенол, нитрат ва дигар унсурҳои микробиологӣ аз меъёри ҷоиз зиёд шуда истодааст.
 
== Моҳӣ ==
Аз ҷиҳати гуногунии моҳӣ (108 намуд) Амур дар Русия ҷойи аввалро мегирад. Дар он калуга — бузургтарин моҳии дарёӣ вомехӯрад. Моҳиҳои шикорбобаш кета, горбуша, тосмоҳӣ, лаққамоҳӣ, белугаи амурӣ ва ғарб Тамоми Амур киштигард буда, муҳимтарин роҳи обии Шарқи Дур аст. Дар соҳили Амур шаҳрҳои Амурск, Благовешенск, Хабаровск, Комсомолски Амур, Николаевски Амур (Русия) ва Хэйхэ (Хитой) воқеанд. Ҳавзаи Амур конҳои ангишт, тилло дорад. Солҳои охир дар натиҷаи сохтани сарбандҳо дар соҳили рост, наздикиҳои Хабаровск оби Амур кам, дар шохобҳои Бешеная ва Пемзенская баръакс зиёд шуд. Дар ин шохобҳо аз соли 2005 корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба роҳ монда шудааст, то хатари зери об мондани иншооти гидротехникӣ, маҳалҳои аҳолинишини соҳили чапи Амур бартараф карда шавад. Фаъолияти истеҳсолӣ дар соҳили муқобил (Хитой) ба солимии экологии Амур таъсир расонда, дар таркиби об нефт, фенол, нитрат ва дигар унсурҳои микробиологӣ аз меъёри ҷоиз зиёд шуда истодааст.
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Амур"