Анъана: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
 
'''Анъана''' ({{lang-ar|عنعنه }} — аз гуфтори чанд нафар ба тартиб воқеае ё ривоятеро нақл кардан; расму қоидае, ки аз насл ба насл мегузаранд) — намуди махсуси алоқаи иҷтимоӣ, ки ҳангоми амали арзишҳои фарҳангӣ таҷрибаи фаъолияти наслҳои гузаштаро дар худ инъикос намуда, дар зинаҳои гуногуни [[таърих]] бо мақсади ҳал намудани масоили нави амалӣ таъбир карда мешавад.
 
== Моҳият ==
Шаклу мазмуни арзишҳои фарҳангӣ дар муайян кардани табиати иҷтимоии анъана мавқеи хосеро ишғол намоянд ҳам, ҳанӯз моҳияти ҷавҳари онро кушода наметавонад, зеро анъана худи арзишҳои фарҳангӣ набуда, балки тарзи амали махсуси онҳост. Инсон барои ҳалли масъалаҳои замонавӣ аз таҷрибаи иҷтимоии наслҳои гузашта истифода мебарад. Маҳз тарзи таъбир ва истифодаи таҷриба моҳияти анъанаро ташкил медиҳад. Чунин нуқтаи назар имконият медиҳад, ки анъанаро ҳамчун механизми иҷтимоии доимо ташаккулу такомулёбанда тасаввур кунем. Ин механизм танҳо бо нигоҳ доштан ва интиқоли таҷрибаи наслҳо маҳдуд нашуда, ҳамчун тарзи инкишофи фарҳанги инсонӣ низ амал мекунад. Дар механизми анъана доимо ду вазифаи мазмунан ба ҳам зидди диалектикӣ – консерватизм ва навоварӣ амал менамояд. Консерватизм таҷрибаи наслҳои гузаштаро дар шаклҳои устувораш нигоҳ дошта, дар тӯли қарнҳо аз насл ба насл мегузарад. Навоварӣ бошад, таҷрибаи мазкурро дар шароити нави фаъолият шарҳу таъбир дода, вазифаҳои тозаи онро муайян менамояд. Аз ин рӯ, ҳар ду вазифаи механизми анъана дар ягонагии диалектикӣ ташаккулу такомул меёбанд.
 
== Хусусиятҳо ==
Яке аз хусусиятҳои ҷавҳарии механизми анъана шарҳу таъбир аст. Барои он ки арзишҳои фарҳангии наслҳои гузашта дар шароитҳои доимотағйирёбандаи фаъолияти инсонӣ амали пурмаҳсули худро идома диҳанд, мазмуни онҳо дар ҳудуди шаклҳои устувор доимо аз нав шарҳу таъбир меёбанд. Азбаски таъбир характери субъективӣ дорад, аз ин рӯ, он дуруст ё ғалат, васеъ ё маҳдуд, прогрессивӣ ё иртиҷоӣ буда метавонад. Субъект маҳз ба воситаи он муносибати худро бо ин ё он мероси гузашта ва насли гузашта муайян мекунад. Агар таъбир, аз як тараф, воситаи ҳалли масоили замона бошад, аз тарафи дигар, мазмуни меъёру арзишҳои фарҳангиро ғанӣ гардонда, ба онҳо умри дубора мебахшад.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Анъана"