Мушкил (форсӣ: مشکل‎), пробле́ма (юн.-қад. πρόβλημα — масъала) — ба маънои васеъаш масъалаи мураккаби назариявӣ ё амалиеро гӯянд, ки омӯзишу ҳалро тақозо дорад; дар илм — ҳолати мухолифатомез, ки дар шакли мавқеъҳои тазод дар таъбири ягон ҳодиса, объект, раванд зоҳир гашта, барои ҳалли он назарияи айнӣ (адекватӣ) аарур аст. Гузориши дурусти проблема за­минаи муҳими ҳалли бомуваффақияти он аст. Проблемаи нодуруст гузошташуда ё Проблемаи бардурӯғ муҳаққиқро аз ҳалли проблемаҳои ҳақиқӣ дур месозад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш