Мӯсо Исоев (1952-1992) — варзишгар, гуштигир ва ҳунарпешаи маъруфи тоҷик.

Мӯсо Исоев
Таърихи таваллуд 1952(1952)
Зодгоҳ қишлоқи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳ
Таърихи даргузашт 1992(1992)
Пеша ҳунарпеша

Зиндагинома вироиш

Мӯсо Исоев дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи касбию техникии ноҳияро хатм карда, ба Донишкадаи варзиши шаҳри Душанбе дохил шудааст. Баъд аз хатми ин донишкада ӯ дар соҳаи варзиш муваффақиятҳои калон ноил шуд ва унвони Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШСро гирифт. Қаҳрамони чандинкаратаи ҶШС Тоҷикистон оид ба гуштии классикӣ ва ҷуду, қаҳрамони Озарбойҷон аз рӯи гӯштии ҷуду[1] таваҷҷуҳи коргардонон ба худ ҷалб намуд[2] ва дар чандин филмҳо, аз қабили «Кафорат» (1987), «Шикасти Афғон» (1991) нақши асосиро офарид. Маъруфияти Мӯсо Исоев то он дараҷае афзуд, ки мардуми тоҷик ӯро «паҳлавон Мӯсо», «паҳлавони тоҷик» ё «шери Мастчоҳ» номиданд. Ба гуфти ҳамватанонаш, Мӯсо Исоев «яке аз беҳтарин фарзандони тоҷик буд» ва халқи тоҷик ӯро ҳаргиз аз хотир намебарорад[1].

Ҳаёти оилавӣ вироиш

Мӯсо Исоев падари Рустам Исоев, овозхони тоҷик аст[1].

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 Як акси Мӯсо Исоев ва 900 шарҳи хонандагон дар “Одноклассники” Бойгонӣ шудааст 25 ноябри 2015  сол., Хабаргузории «Озодагон», 5 феврал 2014, 10:16
  2. Хайдар Шодиев. Спорт и кино Бойгонӣ шудааст 25 ноябри 2015  сол., ИА «Азия-Плюс» 09.01.2014 15:39