Нурулло Ивазов (тав. 12.02.1945, ноҳияи Ҳамадонӣ – ваф. 4.06.2002, шаҳри Душанбе) — биологи тоҷик, номзади илмҳои биология (1983), профессор (1993).

Нурулло Ивазов
Нурулло Ивазов
Таърихи таваллуд 12 феврал 1945(1945-02-12)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 4 июн 2002(2002-06-04) (57 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1963–1971 дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1971–1977 ассистенти кафедраи физиология ва гигиенаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1979–1981 аспиранти ИЭФИБ ба номи И.М. Сеченови АИ ИҶШС, 1983–1985 муаллими калони кафедраи табиатшиносӣ ва методикаи таълими биология, 1985– 1993 дотсенти кафедраи физиология ва гигиена, 1993–2002 мудири кафедраи физиология ва гигиенаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Муаллифи як асар ва зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ аст.

Осор вироиш

Распространённость нарушений осанки и искривлений позвоночника у мальчиков, Д., 1977; Электрофизиологическое исследование нисходящих телэнцефалоталамических связей у черепах // Мактаби Советӣ, Д., 1981; Электрофизиологическое исследование афферентной организации таламусаящериц // Мактаби Советӣ, Д., 1982.

Пайвандҳо вироиш