Темур Мирзоҳидович Мироқилов (07.11.1929, ш. Қӯқанди Узбекистон – 2011, Душанбе) — доктори илмҳои иқтисод (1969), профессор (1971). Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1989).

Темур Мироқилов
Темур Мирзоҳидович Мироқилов
Таърихи таваллуд 7 ноябр 1929(1929-11-07)
Зодгоҳ Самарқанд , ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 2011(2011)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко
Ҷоизаҳо Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1989), ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома вироиш

Темур Мирзоҳидович Мироқилов факултаи таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко соли 1952 ба охир расонда, ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино фаъолият доштааст. Солҳои 1954-1956 дар аспирантураи Институти иқтисоди АИ СССР (ш. Маскав) хонда, минбаъд фаъолияти илмию педагогиаш дар ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур ҷараён гирифтааст. Солҳои 1957-1959 муаллими калон, 1959-1964 дотсент ва мудири кафедраи марксизм-ленинизм, 1964-1992 мудири кафедраи иқтисоди сиёсӣ буд. Аз соли 1993 то поёни умр вазифаи мушовир-профессори кафедра дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур адо намудааст. Доир ба масоили гуногуни рушди иқтисоди ҷумҳурӣ таҳқиқот анҷом дода, мавзӯи муносибат ва роҳҳои устувор намудани ҳисоби хоҷагӣ, дар саноат ва кишоварзӣ дар маркази диққаташ қарор гирифтааст. Теъдоди таълифоташ аз сад мегузарад.

Ҷоизаҳо вироиш

Осор вироиш

  • Ҳисоби хоҷагӣ ва даромаднокӣ. Арзиш ва арзиши аслӣ. – Д., 1961;
  • Асосҳои ҳисоби хоҷагӣ дар колхозҳо. – Д., 1962 (ҳаммуаллиф);
  • Ҳисоби хоҷагӣ ва роҳҳои мустаҳкамкунии он дар саноат. – Д., 1964;
  • Мустаҳкамкунии корхонаҳо ва ҳисоби хоҷагӣ. – Д., 1966;
  • Ҳавасмандгардонии иқтисодӣ дар шароити нав. – Д., 1968;
  • Ҳисоби хоҷагӣ дар колхозҳо. – Д., 1969;
  • Хозрасчетные фонды потребления как форма распределения по труду. – Д., 1969;
  • Хозрасчёт в системе управления социалистическим производством. – Д., 1974;
  • О системе хозрасчетных категорий. – Д., 1975;
  • Стимулҳои иқтисодии афзун гардонидани самари истеҳсолот. – Д., 1975;
  • Хозрасчет в метхозяйственных объединениях Таджикистана. – Д., 1989 (соавтор);
  • Совершенствование форм хозрасчета в аграрном секторе Таджикистана. – Д., 1990 (соавтор).[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 348.