Файзӣ Зикриёев (Зикриёев Файзи Боқиевич; зод. 7 апрели 1937, ноҳияи Масчо, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (1988), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997).

Файзӣ Зикриёев
Зикриёев Файзи Боқиевич
Таърихи таваллуд 7 апрел 1937(1937-04-07) (86 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Масчо, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Файзи Боқиевич Зикриёев 7 апрели соли 1937 дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1959), ихтисос: таърихшинос.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Ӯ муаллифи 250 монография, брошюра, мақолаҳои илмӣ—тадқиқотӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 7 нафар унвонҷӯён рисолаи номзадии хешро дар риштаи илми таърих дифоъ намуданд. Файзи Зикриёев бо маърӯзаҳои илмӣ дар конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар кишвар ва ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС баромад намудааст.

Осор вироиш

  • Баҳри ҳаёти осоишта. — Душанбе, 1970. — 104 с.;
  • Комсомоли Тоҷикистон дар мубориза барои прогресси техникӣ. — Душанбе, 1971—270 с.;
  • Комсомоли Тоҷикистон. — Душанбе: Ирфон, 1985. — 192с.;
  • Тоҷикистон дар асри XX ва ибтидои асри XXI. — Душанбе, 2008. — 320 с. (Бо ҳаммуаллифии Р. Набиева ва М. Зикриёева);
  • Таърихи халқи тоҷик дар асри XX ва ибтидои асри XXI. Душанбе, 2009. — 322 с.;
  • Таърихи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2010. — 104 с.;
  • Таърихи халқи тоҷик, китоби дарсӣ барои синфӣ 9. Душанбе, ПИК «Офсет», 2001. — 128 с.;
  • Дастури таълимӣ-методӣ барои омӯхтани таърихи халқи тоҷик. — Душанбе, 2005. — 280 с.;
  • Олим, устод, ходими ҷамъиятӣ. — Душанбе: Сино. — 104 с;
  • Таърихи халқи тоҷик. (барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ) — Душанбе: Сарпараст, 2001. — 240 с.(Бо ҳаммуаллифии Р. Набиева).;
  • Таърихи халқи тоҷик барои синфи 11. — Душанбе: Собириён, 2006, 2011—192 с.(Бо ҳаммуаллифии Р. Набиева).;
  • Таърихи Ватан. — Душанбе: Сино, 2012—364 с. (Бо ҳаммуаллифии Р. Набиева ва М. Зикриёева) ва ғ.

Ҷоизаҳо вироиш

Адабиёт вироиш

  • Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Душанбе,2008. — C.107;
  • Муҳаққиқи таърихи Ватан. — Душанбе: Собириён, 2007. — 112 с.