Визвизакҳо
Визвизакҳо (лот. Carabidae) — яке аз оилаҳои калон ва сершумори гамбускҳо.
Визвизакҳо | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Carabidae Latreille, 1802 | ||||||||||||
Номенклатурный тип | ||||||||||||
Подсемейства | ||||||||||||
|
||||||||||||
|
Дарозии танашон 2-8 см. Сарашон борик, як ҷуфт мӯйлаби риштамонанд доранд. Пешболҳояшон, маъмулан, тамоми шикамро мепӯшанд; онҳо баъзан бо ҳам мепайванданд, ки дар натиҷа болҳо нест ё хеле заиф мешаванд. Дар бисёри визвизакҳо ғадуди мақъад нағз инкишоф ёфтааст ва моеи сӯзон хориҷ мекунад. Кирминаи визвизакҳо дарози серҳаракат, бештар сиёҳи ҷилодор аст; дар зери пӯстлохи дарахт, ушна, хок ва ғ. пила метанад. Аксар визвизакҳо ҳашароти даранда мебошанд. Визвизакҳо нармбаданҳо, кирминаи ҳашарот ва ҳар гуна мавҷудоти бемуҳра (масалан, кирми лойхӯрак, тӯқумшуллук ва ғ.)-ро мехӯранд; ғизои баъзеи онҳо рустаниҳост. Визвизакҳо-и рустанихӯр (Carabus staudingeri) ба ғаллазор, ҷангал ва боғ зарар мерасонанд. Баъзе визвизакҳо (Carabus, Cabosoma ва ғ.) зараррасонҳои ғалла ва ҷангалу боғро нест мекунанд. Визвизакҳо, маъмулан, рӯзона дар зери сангу баргҳои хазон пинҳон гашта, шабона фаъол мешаванд. Визвизакҳо тақр. 20 ҳазор намуд доранд. Онҳо дар тамоми дунё (бештар дар мамлакатҳои иқлимашон муътадили Аврупо ва Осиё) дучор меоянд. Дар Тоҷикистон тақр. 1000 намуди визвизакҳо (бештар аз ҷинси Carabus) зиндагӣ мекунанд. Дар туғайзорҳои ҷумҳурӣ 40, дар минтақаҳои ҷангалзори паҳнбарги кӯҳҳо тақр. 80 ва дар навоҳии кӯҳсори Ҳисору Дарвоз тақр. 110 намуди визвизакҳо ба қайд гирифта шудаанд. Визвизакҳо асосан дар соҳили кӯлу обанборҳо зиндагӣ мекунанд ба мисли Bembidion, Tachys, Nebria, Chlaenius ва ғ.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Визвизакҳо // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.