Вақте, ки юнону – мақдуниён дар такопуи ишғол намудани Уструшан ва Фарғона буданд, оташи исён тамоми давлати Суғд ва қисми Бохтарро фаро гирифта буд. Искандари Мақдунӣ миқёси шӯришро дарк накарда, ба қӯшуни муҳосира шудааш дар Мароқанд қӯшуни начандон калонро фиристод. Вақте, ки дастаи аскарони пештар фиристодаи ӯ ба Мароканд наздик омаданд, Спитаман шаҳрро аз муҳосира озод намуда, зиракона ақиб нишаст. Аскарони мақдунӣ ин аҳволро дида аҳолии шаҳр ва деҳоти атрофи шаҳрро барои ба тарафи шӯришгарон гузаштанашон ҷазо доданд. Спитаман дар ақибгоҳи худ, яъне дар дашт скифҳоро ба лашкари худ ҳамроҳ намуда боз ба ҳамлаи навбати омода мегардид. Бо ин қувваи пурзӯр боз ба Мароканд ҳамла намуда шаҳрро ба пуррагӣ ишғол намуд. Дар ин набарди сахт Спитаман ва ҷанговаронаш ба лашкари юнону – мақдунӣ зарбаи сахт зада, онҳоро аз шаҳр берун карданд. Қисми зинда мондаи лашкари душман рӯ ба гурез ниҳода ба як ҷазираи байни дарёи Зарафшон паноҳ бурдаанд. Лекин Спитаман юнониёнро дар ҷазира ба муҳосира гирифта тирборон карда онҳоро тамоман торумор намуд.

Чунон, ки муаррих мегӯяд

«Спитаман ба коре мувафақ гардидааст, ки касе аз ӯҳдааш баромада натавониста буд: ӯ дар муҳориба як қисми қӯшуни мақдуниро маҳв намуд»

[1]

Спитаман, ки аз тарафи аҳолии маҳаллӣ ҳимоят медид дубора шаҳри Марокандро муҳосира кард. Вақте, ки Искандар бо қувваҳои асосии худ ба Мароканд наздик омад Спитаман боз бо усули хоси худ, яъне бе ҷангу ҷадол аскарони худро боз ба ақибгоҳ бурд. Азбаски Искандар дар муҳорибаи бо Скифҳои бодиянишин кардаи худ дарси ибрат гирифта буд, ҳаросид ва Спитаманро дар саҳро таъқиб накард. Бо усули хосаи худ Искандар ҳам ба мардуми осоиштаи водии Зарафшон ҷазо фармуда як қисми онҳоро ба қатл расонд. Занон ва кӯдаконро ба ғуломӣ фурӯхт. Вай фармон дод, ки калонсолонро низ ба қатл расонанд. (бештар...)

  1. Б. Ғафуров.Тоҷикон. Китоби I. - Душанбе, 1998. — С.101