Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/41
Камолиддин Беҳзод (форсӣ: کمال الدین بهزاد) — бузургтарин мусаввир, наққош ва минётурнигори тоҷик, ки дар Шарқ бо номи ифтихории «Монии Сонӣ» ва дар Ғарб бо номи «Рафаэли Шарқ» шуҳрат дорад. Муосиронаш ӯро «қоиди мусаввирон», «ягонаи замона» ва «нодири даврон» ном бурдаанд.
Зиндагинома
вироишБеҳзод тақрибан соли 1455 дар Ҳирот ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ аз падар ятим монда, таҳти сарпарастии китобдори китобхонаи шоҳии Ҳирот – Амир Руҳуллоҳ Мирак тарбия ёфта, маҳорати худро такмил медиҳад ва охири солҳои 70 асри XV дар китобхонаи султон Ҳусайни Бойқаро мустақилона ба ороиши китоб ва мусаввирӣ машғул мешавад. Беҳзод аз Пир Сайидаҳмади Табрезӣ ва Султоналии Машҳадӣ низ дарси ҳунар андӯхтааст. Замони зиндагии Беҳзодро метавон ба ду давра тақсим кард. Давраи аввал аз оғози фаъолияти эҷодӣ то ибтидои асри XVI, ки ватани ӯ аз тохту тозҳои берунӣ дар амон буд. Давраи дуюм солҳои 1507–1535 кор ва сарварӣ дар китобхонаи шоҳони Сафавӣ дар Табрез аст. Дар давраи аввал Беҳзод ба муҳити адабии Ҷомӣ ва Навоӣ роҳ ёфта, аз онҳо кумаки моддӣ ва маънавӣ мебинад. Султон Ҳусайни Бойқаро барои Беҳзод дар чаҳорбоғи худ (Ҳирот) манзил ва коргоҳ медиҳад. Баъд, 22 июни 1487 Беҳзодро китобдори китобхонаи худ таъйин карда, тамоми котибону музаҳҳибон, ҳалкорону заркӯбон, лаввоҳону саҳҳофон, ҷадвалкашону наққошо ни китобхонаро зери роҳбарии ӯ мегузорад. Бо саъйи ҳунармандони ин китобхона санъати ороиши китоб ба пояи балан расид, суратгарӣ ва минётурнигорӣ ривоҷи тоза ёфт. (бештар...)