Ҷалол Икромӣ (форсӣ: جلال اکرامی‎ — нависандаи тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон (1976), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1964), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1962).

Зиндагинома

вироиш

Ҷалол Икромӣ 20 сентябри соли 1909 дар ш. Бухоро дар оилаи қозӣ ба дунё омадааст. Соли 1928 Дорулмуаллимини шаҳри Бухороро хатм намуда ба касби муаллимӣ пардохтааст. Соли 1930 озими Сталинобод – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Чанд муддат корманди кумитаи тоҷикшиносӣ (баъдҳо ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ табдил меёбад) буда аст. Чанде мудири бахши адабии Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон будааст. Солҳои тӯлонӣ ба фаъолияти озоди эҷодӣ иштиғол варзидааст. Ҷалол Икромӣ то поёни умр муқими Душанбешаҳр буда, соли 1993 аз ҷаҳон чашм пӯшид. Шодравон дар оромгоҳи Боғи Лучоб мадфун мебошад.

Эҷодиёт

вироиш

Ҳикояҳои аввалинаш дар ибтидои солҳои 20-уми асри гузашта навишта шудаанд. Дар ташаккули шахсӣ ва нигорандагии ӯ сахтгирӣ ва ғамхориҳои Устод Айнӣ нақши ҳалкунанда гузоштааст. Аввалин ҳикояи мунташираи ӯ «Шабе дар Регистони Бухоро» (1927) бо талқину раҳнамойии Устод Айнӣ навишта шудааст. Нахустин ҳикояҳои дигари ӯ дар давоми солҳои 1928-1930 нахустин қиссаи ӯ «Тирмор» дар давоми солҳои 1931-1934 дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» чоп шудаанд. Китобҳои аввалини «Ҳаёт ва ғалаба» ва қиссаву ҳикояҳояш «Ду ҳафта» соли 1934 интишор ёфтаанд. Баъдан маҷмӯаҳои «Тирмор» (1936) ва «Аз Маскав чӣ овардӣ?!»-яш (1936) ба табъ расидаанд. Ҷалол Икромӣ аз оғози солҳои сӣ ба омӯзиши забони русӣ дода шуда, чанде аз намунаҳои ҳикоятҳои А. Чеховро ба форсии тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ҳамин айём буд, ки ӯ тарҷумаи қиссаи Ю. Либединский “Ҳафта” – ро ба поён расонд. (бештар...)