Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2017/5
Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, бештар маъруф бо Имом ал-Бухорӣ (ар. إمام البخاري; 19 июли 810, Бухоро — 1 сентябри 870, Хартанг наздикии Самарқанд) — донишманд, муҳаддис (ҷамъовар ва пажӯҳишгари ҳадис) ва муфассир (шореҳи Қуръон), муаллифи яке аз ҷомеъи ривоёти аҳли суннат «ал-Ҷомеъу-с-саҳеҳ».
Номи комил: Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғира ибни Бардизбеҳ. Форс. Дар оилаи муҳиҷир аз Форс таваллуд шудааст, гузаштагонаш зардуштӣ буданд, бобокалонаш (ал-Муғира) исломро «аз дасти» ҳокими Бухоро Яман ал-Ҷуфи Бухорӣ қабул кардааст. Падараш ҷонибдори Молик ибни Анас ва хеле шахси бомаърифат буд. Ӯ замоне вафот кард, ки Муҳаммад ҳанӯз хурд буд. Бухорӣ аз падар ятим монда, дар тарбияи модараш ба воя расид.
Ба гуфтаи худаш то муддате дар назди машоихи зодгоҳаш Бухоро ба таҳсил пардохта, дар шонздаҳсолагӣ ҳамроҳи модар ва бародари бузургаш Аҳмад барои адои фаризаи ҳаҷ ба Макка меравад. Пас аз анҷоми фаризаи ҳаҷ модар ва бародараш ба Бухоро бармегарданд ва ӯ барои идомаи таҳсил ба сарзаминҳои дуру наздики қаламрави онрӯзаи ҷаҳони ислом сафар карда, аз машоиху донишмандон дар шаҳрҳои Хуросон, Ҷибол, Ироқ, Миср, Шом ва Ҳиҷоз улуми динӣ, бахусус ҳадис меомӯзад. Ба гуфтаи худаш дар талаби илм ду бор ба Шом, Миср ва Ҷазира ва чаҳор бор ба Басра сафар карда, шаш сол дар сарзамини Ҳиҷоз иқомат намудааст ва ҳамроҳи муҳаддисон ба шаҳрҳои Куфа ва Бағдод бе шумор рафтуомад доштааст.
Бухорӣ дар синни 62-солагӣ бе боқӣ гузоштани насле аз худ аз дунё гузашт ва дар беруни шаҳри Самарқанд дар Хартанг ба хок супорида шуд. Оромгоҳи вай имрӯз ҳам зиёратгоҳи хоссу ом аст ва дар канори он китобхонае ба номи ӯ бино кардаанд. (бештар...)