Википедиа:Дидгоҳи бетараф

«Дидгоҳи бетараф» — яъне ироаи тамоми дидгоҳҳои барҷастаи мунташиршуда дар манобеи муътабар, ба таври мунсифона, мутаносиб ва то ҷойи мумкин ба дур аз таассуб. Тамоми мақолаҳои Википедия ва куллияи муҳтавиёти донишномаии дигар бояд аз манзари дидгоҳ бетараф навишта шаванд. Дидгоҳи бетараф яке аз усули асосии Википедия ва дигар проектҳои Викимедиа мебошад. Ин сиёсат ғайри қобили муноқиша аст ва тамом виросторону мақолаҳо бояд аз он пайравӣ кунанд.

«Дидгоҳи бетараф» яке аз се сиёсати муҳтавои аслии Википедия аст. Ду сиёсати дигар Википедиа:Норавоии тадқиқоти аслӣ ва Википедиа:Исботпазирӣ ҳастанд. Ин се сиёсати аслӣ бо таркиби ҳам навъ ва кайфият муҳтавои қобили қабул дар мақолаҳоро мушаххас мекунанд. Чун ин сиёсатҳо ба таври ҳамоҳанг ба кор мераванд, набояд ҷудо аз якдигар баррасӣ ва тафсир шаванд ва виросторон бояд саъй кунанд, ки худро бо ҳар сеи онҳо ошно кунанд. Усуле, ки ин сиёсат бар он устувор шуда тавассути иҷмоъи корбарон ё ҳеҷ сиёсат ва раҳнамуди дигаре наметавонд нақз шаванд.

Тавзеҳе дар хусуси дидгоҳи бетараф

вироиш

Дар Википедия асл бар исботпазирии навиштор аст. Барои исботпазир кардани матолиб бояд далел овард. Далоил маъмулан дорои густараи эътибор ҳастанд. Ин густараи эътибор бастагӣ ба далелхоҳанда дорад.

Мисол: شق القمر

Шахси якум мегуяд: «Ҳазрати Муҳаммад (ﷺ) моҳро ба ишораи ангушт ба ду ним тақсим кард»

Шахси дуюм мепурсад: «Чӣ тавр чунин чизе имкон дорад?»

Ҳол шахси якум метавонад далел биоварад, ки: «Ин кор муъҷизаи Паёмбар буд»

Ин ҳарф дар сурате метавонад далели хубе бошад, ки шахси дуюм ба масоили зер эътиқод дошта бошад:

  • эътиқод ба мӯъҷизаи паёмбарон
  • эътиқод ба ин, ки Муҳаммад ҳам паёмбар буда
  • эътиқод ба ин, ки аслан касе ба исми паёмбар вуҷуд дорад
  • эътиқод ба ...

Википедия донишномае барои ҳамаи одамиён бо тамоми гароишҳо ва муштаракот аст. Матолиб бояд багунае бетарафона исботпазир бошад. Агар матлаб марбут ба дини хос бошад, беҳтар аст қабл аз матолиб ингуна навишт «Зартуштиёнро бовар бар ин аст, ки...» ё «Мусулмонон ақида доранд, ки...».

Ҳамчунин беҳтар аст ҳавзаҳои баҳс низ мушаххас шавад. Масалан агар аз манзари ҷомеашиносӣ перомуни масъалае баҳс мешавад, беҳтар аст гуфта шавад: «Рӯйкарди ҷомеашиносӣ чунин аст, ки ...».

Ба таври куллӣ, дастёбӣ ба он чӣ, ки Иҷтимои Википедия ба унвони «бетарафӣ» мешиносад ба маънии таҳлили бодиққат ва наққодонаи манобеи мухталиф ва сипас талош барои нақли натоиҷ ба хонанда ба шакли возеҳ ва дақиқ аст. Википедия талош мекунад, ки ихтилофи назарҳоро тавзеҳ диҳад, аммо дар онҳо дахолат накунад.

Қавонини содда ва маҳкам дар ин бора маҳдуданд ва риояти бетарафӣ умдатан вобаста ба ҳусни нияти виросторон аст, ки бояд талош кунанд то иттилоотро ироа кунанд ва на ин, ки як дидгоҳи хосро тарвиҷ кунанд. Бо ин ҳол, риояти усули зер ҳамроҳ бо усули исботпазирӣ ба дастёбӣ ба сатҳи аз бетарафӣ, ки барои як донишнома муносиб аст кумак мекунад.

  • Ақоидро ба унвони ҳақиқат ироа накунед. Маъмулан мақолаҳо ҳовии иттилооте роҷеъ ба аҳамияти дидгоҳҳое ироашуда роҷеъ ба мавзӯи мақола ҳастанд. Ин дидгоҳҳо набояд ба унвони назари Википедия роҷеъ ба он мавзӯъ баён шаванд. Баракс, ин дидгоҳҳо бояд дар матн ба манобеи муртабит мунтасаб шаванд, ё дар мавориди муносиб, ба унвони «дидгоҳи умум» матраҳ шаванд. Ба унвони мисол, як мақола набояд бигӯяд, ки «куштори дастаҷамъӣ амале шайтонӣ аст», балки бояд бигӯяд, ки «куштори дастаҷамъӣ тавассути фалонӣ ба унвони намуди аз рафтор шайтонии инсонҳо тавсиф шудааст».
  • Аз ироаи дидгоҳҳое, ки ба шиддат мавриди ҷадал ҳастанд ба унвони ҳақоиқ худдорӣ кунед. Агар манобеи муътабар гуногунии назароти мутаноқизе дар мавриди як мавзуъ ироа мекунанд, ин назаротро ба унвони дидгоҳҳои мухталиф дар мақола баён кунед ва на ба унвони ҳақоиқ, ва ҳаргиз онҳоро ба сурати иборот мустақим ироа накунед.
  • Дидгоҳҳои ба чолиш кашида нашударо танҳо ба унвони як нуқтаи назар ироа накунед. Дидгоҳҳои ба чолиш кашида нашуда, ки бар сари онҳо ихтилофи назаре вуҷуд надорад ва тавассути манобеи муътабар матраҳ шудаанд, маъмулан бояд ба унвони дидгоҳи Википедия ироа шаванд. Магар дар шароите, ки як унвон вуҷуд дорад, ки ба таври хос ба мавориди ихтилофи назар дар мавриди як дидгоҳ мепардозад, ки умуман мавриди чолиш нест, дар соири шароит ниёзе нест, ки манобеи хоссе барои он дидгоҳ ироа шавад агарчи ироаи манбаъ ба ҳифзи исботпазирӣ кумак мекунад. Ба илова, матн набояд ба шакле навишта шавад, ки талқин кунад, ки он дидгоҳ мавриди суол аст.
  • Забони қазоватгарона надошта бошед. Як дидгоҳи бетараф нисбат ба мавзуи мақола (ва ончи манобеи муътабар дар бораи мавзуи мақола гуфтаанд) на ибрози алоқа мекунад на бетаваҷҷуҳӣ, агарчи ин масъала гоҳе бояд бо шаффофият дар таодул қарор бигирад. Дидгоҳҳо ва ёфтаҳои носозгорро бо лаҳне беэътино бинависед.
  • Ба дидгоҳҳои мухолиф вазни мутаносибе бидиҳед. Итминон ҳосил кунед, ки гузориши дидгоҳҳои мухталиф роҷеъ ба мақола мутаносиб аст бо мизони ҳимояте, ки аз ин дидгоҳҳо вуҷуд дорад, ва дар натиҷа боиси тасаввури нодуруст баробари дидгоҳҳо ё вазн додани беш аз андоза ба яке аз дидгоҳҳо намешавад. Барои мисол, ин ки бинависед «аз назари Симон Визентал, Ҳолокост барномае барои куштани яҳудиҳои Олмон буд, вале Дэвид Ирвинг бо ин дидгоҳ мухолиф аст» боис мешавад ин тасаввури ғалат эҷод шавад, ки ин ду дидгоҳ (ки яке мутааллиқ ба аксарият ва дигаре мутааллиқ ба ақаллияти кӯчак ҳастанд) вазни мусовӣ пайдо кунанд чун ҳар ду фақат ба як нафар мансуб шудаанд.