Википедиа:Қаҳвахона/Ба диққати корбарон

Вохӯрии викинависони тоҷик ба муносибати 20-солагии Википедия

вироиш

Салом дустони азиз. Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик ташкили як вохӯрии расмии Викинависонро дар таърихи 27-уми январи 2024 дар шаҳри Душанбе дар назар дорад. Корбароне, ки имкони ширкат карданро доранд дар инҷо овоз бидиҳанд, ё назарашонро бинвисанд.--Дӯстмурод Саид (баҳс) 12:21, 18 Январ 2024 (UTC)[ҷавоб додан]

Конфронси Википедиа дар Душанбе

вироиш

Салом дустони азиз. Аз номи Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик мерасонам, ки рӯзҳои 26 ва 27 сентябр дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон конфронс баргузор мешавад, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани савияи дониши викинависони тоҷик ва баҳсу табодули афкор миёни викинависҳо мебошад. . Ҳамчунин, дар ин конфронс аз хориҷи кишвар коршиносон даъват шуда, абзору усулҳои нави викинависӣ ва дурнамои Википедияро муаррифӣ мекунанд. Лутфан ба мо хабар диҳед, ки агар шумо ягон шарҳе дошта бошед ва агар хоҳед, ки ба мо дар ташкили конфронс кумак кунед. Бо эҳтиром Дирафши Ковиёнӣ (Баҳс) 22:42, 23 июни 2023 (UTC)[ҷавоб додан]

Сиёҳнавис

вироиш

Бародарони гиромӣ! Тугмаи Сиёҳнавис ба кор даромад. Ҳамаро табрик мегӯям.--Асилзода баҳс 14:26، 30 январи 2017 (UTC)

Ба ҳаммаи тарафдорон ташаккур. Бо эҳтиром --
Ҷалолиддин (talk) 14:41، 30 январи 2017 (UTC)
.
Ба онҳое ки аз номи Ҷалолиддин сухан мекунанд, ташаккур.--Асилзода баҳс 14:48، 30 январи 2017 (UTC)
Саломат бошед! Аммо ҳангоми нишондиҳанди мушро болаяш гузоштан "регдони шумо" мебарояд... Фикр мекунам истилоҳи регдон дар мо тоҷикон маъмул нест, бигзор "сиёҳнависи шумо" гуфта шавад. Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 04:31، 31 январи 2017 (UTC)
Дар вақти дархост додан, навишта будам ки Сиёҳнависи ман, аммо онҳо тарҷумаи кӯҳнаро истифода бурданд. Умуман бо як ду овоз номивазкунӣ мумкин нест. Дар оянда ҷомеа серкорбар шавад ва бо ақидаҳои гуногун, онгоҳ ба воситаи баҳс ҳамаи номҳоро иваз мекунанд. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 07:34، 31 январи 2017 (UTC)

Барои гирифтани парчами боти оддӣ, офоздиҳӣ кардан шарт нест. Вироишҳои санҷишиашро тафтиш карда парчамро бе овоз ҳам медиҳанд.--Асилзода баҳс 16:01، 25 январи 2017 (UTC)

Пас чаро ба оводиҳӣ Корбар:TajBot нагузашт? Нофаҳмо?--Матлубахон (talk) 16:16، 25 январи 2017 (UTC)
Дархости Корбар:TajBot ҳаматарафа нодуруст буд. Барои парчами ботро гирифтан, аввал бо барномаи интихобкарда шинос шудан лозим. Дуюм, эҷоди саҳифаи бот. Сеюм, 20-50 вироиши санҷишӣ. Пас аз он дархост. Дар дархости боти оддӣ овоздиҳӣ намекунанд. Агар вироишҳои санҷишии бот нодуруст бошад, ҳамон вақт корбарон бояд зидаш бароянд - ин ҳамаро расво мекунад гуфта. Дигар овоз додан лозим нест, ки дар Мета моро механдан, тоҷикон чӣ будани ботро намедонан гуфта. Бо эҳтиром, Асилзода баҳс 16:43، 25 январи 2017 (UTC)