Виктор Виткович
Виктор Станиславович Виткович (21 март 1908, Женева — 8 май 1983, Маскав) — филмноманависи шӯравӣ.
| |
Таърихи таваллуд: | 21 март 1908 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 8 май 1983 (75 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | нависандаи кӯдакон, филмноманавис |
IMDb: | ID 0900037 |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултаи иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Озарбойҷон (1928). Фаъолияти эҷодиаш соли 1926 оғоз ёфтааст. Виктор Виткович муаллифи бисёр филмҳои бадеӣ ва мултипликатсионист. Дар эҷодиёти ӯ мавзӯи Шарқ мавқеи калон дорад. Виктор Виткович бештар дар асоси ривояту достонҳо, қиссаву афсонаҳои шарқӣ асарҳо офарида, рӯйи экран овардааст.
Филмномаҳо
вироишАз рӯйи филмномаҳои Виктор Виткович филмҳои машҳури «Насриддин дар Бухорро» («Узбекфилм», 1943, бо ҳамкории Л. Соловёв), «Саргузаштҳои Насриддин» (1946), «Шоҳсанам ва Ғариб» («Туркманфилм», 1963, бо ҳамкории К. Бӯрунов, таҳияи коргадони тоҷик Тоҳир Собиров), филмҳои «Чароғи сеҳрноки Аловиддин» (1966, бо ҳамкории Г. Ягдфелд, киностудияи ба номи Горкий, мазмун аз «Ҳазору як шаб»), «Мазаи ҳалво» (1975, киностудияи ба номи Горкий, афсонаи мусиқӣ аз даврони бачагии Хоҷа Насриддин) ва ғ. таҳия шудаанд. Дар иншои филмномаи «Абуалӣ ибни Сино» (1936) Виктор Виткович ҳаммуаллифи Сотим Улуғзода буд. Ӯ аз рӯйи достони Бедил «Комде ва Мадан» «Достони ду дил» (1967) ном сенария навишт, ки онро дар киностудияи «Узбекфилм» коргардон К. Ёрматов таҳия кардааст. Инчунин бо ҳамкории Сотим Улуғзода драмаи «Асрори Абуалӣ Сино»-ро навиштааст, ки он дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов (1980, таҳияи Ш. Қиёмов) ва Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский (1980, таҳияи Ф. Тошмуҳаммадов) бо номи «Ҷавонии Сино» ва «Табиби бузург» гузошта шудааст. Виктор Виткович муаллифи чандин сенарияи филмҳо ва пйесаҳо барои бачагон, асарҳои публитсистӣ дар бораи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва ғ. мебошад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Виткович Виктор Станиславович / А. Аҳроров // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.