Виктор Глушков
Глушков Виктор Михайлович (24 август 1923[1], Ростови лаби Дон, ҶШФСР[d], ИҶШС[1] — 30 январ 1982, Маскав, ҶШФСР[d], ИҶШС[2] ё Маскав) — риёзидони шӯравӣ, мутахассиси соҳаи кибернетика, академики АИ ИҶШС (аз 1964), академики АИ ҶШС Украина (аз 1961), ноиби президенти АИ ҶШС Украина (аз 1962), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969).
русӣ: Виктор Михайлович Глушков | |
Таърихи таваллуд | 24 август 1923[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 30 январ 1982 (58 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | алгебра, кибернетика ва риёзиёт |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] (1956) |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Dmitry Morduhai-Boltovskoi[d], Sergei Chernikov[d][3], Anatoly Maltsev[d][3] ва Aleksandr Kurosh[d] |
Шогирдон | V. P. Derkach[d] |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | glushkov.org(англ.)(рус.)(укр.) |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишгоҳи Ростов (1948). Солҳои 1948—1956 дар Институти техникаи ҷангали Украина кор кардааст. Аз соли 1961 директори Институти кибернетикаи АИ ҶШС Украина. Таҳқиқоти Виктор Глушков ба алгебра, кибернетика, мошинҳои ҳисоббарорӣ бахшида шудааст. Назарияи автоматҳои рақамӣ, лоиҳакашии ҳисобмошинҳои электрониро таҳия ва дар истеҳсолот татбиқ намудааст. Ҳисобмошинҳои мӯъҷаз ихтироъ кардааст. Зери роҳбарии Виктор Глушков дар ИҶШС нахустин ҳисобмошини электронии «Мир-1» сохта шуда буд. Бо ташаббуси Виктор Глушков шабакаи умумидавлатии автоматонидашудаи баҳисобгирӣ ва коркарди иттилоот, ки барои пурра идора кардани иқтисодиёти ИҶШС пешбинӣ гардида буд, таъсис дода шуд. Барои ин ӯ системаи алгебраҳои алгоритмӣ ва назарияи тақсимоти хазинаҳои додаҳоро таҳия намуд. Узви чандин АИ-ҳо (Булғория, Олмон, Лаҳистон) буд.
Ҷоизаҳо
вироишДорандаи Мукофоти ленинӣ (1967), Мукофоти давлатии ИҶШС (1967, 1968, 1977). Бо се ордени Ленин, ордени Инқилоби Октябр ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст. Соли 1982 баъди фавт ба Институти кибернетикаи АИ ҶШС Украина номи Глушков дода шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Глушков Виктор Михайлович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #105127902X // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Сарчашма
вироиш- Глушков Виктор Михайлович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.