Виллемит
Виллемит (аз номи шоҳи Нидерланд Вилгелми I) — минерали нодир аз гурӯҳи силикатҳо. Формулаи кимиёиаш Zn2 SiO4 (73 % ZnO ва 27 % SiO2 дорад). Кристаллбандиаш тригоналӣ, кристаллҳояш маншур ё сӯзаншакл. Одатан дар шакли агрегатҳои донадор, шӯшамонанд вомехӯрад. Рангаш зард, сабзтоб, дорчинии сурхтоб; ранги канорҳояш сафед. Ҷилояш самғӣ. Сахтиаш 5,5, зичиаш 3,89-4,18 г/см³. Асосан дар минтақаҳои оксидшавии конҳои сурбу руҳ пайдо мешавад. Конҳои виллемит дар ИМА (иёлати Ню-Ҷерси), Канада, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Намибия, Конго, Замбия, Гренландия, Олмон, Русия (кони Кудаинск, наздикии Нерчинск), Қирғизистон вомехӯранд. Аз виллемит рӯй ҳосил мекунанд. Виллемитро (махсусан намуди зардашро) дар заргарӣ низ истифода мебаранд.
Виллемит из Нью-Джерси | |
---|---|
Формула | Zn2[SiO4] |
Примесь | Ca, Fe, Mg, Mn |
Физические свойства | |
Цвет | Жёлтый, зеленоватый, красно-коричневый |
Цвет черты | Белый |
Блеск | Смолоподобный |
Прозрачность | Прозрачный |
Твёрдость | 5,5 |
Излом | Раковистый, неровный; хрупок |
Плотность | 3,89 — 4,18 г/см³ |
Сингония | Тригональная |
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Виллемит // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Ин мақолаи хурд дар бораи минерал ё минералогия аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |