Вилояти Навшаҳр

(Тағйири масир аз Вилояти Невшехир)

Вилояти Навшаҳр (туркӣ: İl Nevşehir) — вилоят дар маркази Туркия мебошад. Вилоят соли 1954 таъсис ёфтааст ва аксари минтақаи таърихии Кападокияро фаро мегирад. Боғи Миллии Гёреме ва шаҳракҳои ғорҳои Кападокия ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомиланд.

Вилояти Навшаҳр
тур. Nevşehir ili
39°00′00″ а. шим. 35°00′00″ т. ш.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Навшаҳр (Туркия)
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 5,467 км²
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TR-50
Коди телефон 384
Нишонаи почта 50000–50999
Коди мошинҳо 50
Вебгоҳи расмӣ
Вилояти Навшаҳр дар харита
Commons-logo.svg Садо, тасвир ва видео дар Викианбор

ҶуғрофияВироиш

Вилояти Навшаҳр дар шимолу ғарб бо вилояти Қиршаҳр, дар ҷанубу ғарб бо вилояти Оқсарой, бо вилояти Ниғде дар ҷануб, дар шимолу шарқ бо вилояти Йозгат ва дар ҷанубу шарқ бо Қайсарӣ ҳамсарҳад аст.

Маҷмааи вулқонии Аҷигёл-Навшаҳр.

Дарёҳои калон: Қизил-Ирмак.

АҳолӣВироиш

Аҳолӣ - 309 914 нафар (2009). Дар ин ноҳия шумораи зиёди туркманҳо зиндагӣ мекунанд.

Шаҳри калонтарин Навшаҳр аст.

Тақсимоти маъмурӣВироиш

Вилоят ба 8 ноҳия тақсим шудааст:

  1. Аҷигёл (Acıgöl)
  2. Аванос (Avanos)
  3. Деринкую (Derinkuyu)
  4. Гулшаҳр (Gülşehir)
  5. Ҳоҷибектош (Hacıbektaş)
  6. Козаклӣ (Kozaklı)
  7. Навшаҳр (Nevşehir)
  8. Ӯргӯп (Ürgüp)

Инҷоро ҳам бингаредВироиш

Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи


  1. 1.0 1.1 1.2 Population of provinces by years - 2000-2018(untranslated).