Навшаҳр (Туркия)

шаҳр дар Туркия

Навшаҳр (тур. Nevşehir) — шаҳр ва ноҳияи Туркия аст, ки дар қисми марказии доманакӯҳҳои Анатолиё ҷойгир аст. Навшаҳр — маркази маъмурии вилояти Навшаҳр мебошад. Номи қаблӣ Мушкара буд. Номи юнонӣ: Неаполь (юн. Νεάπολη). Дар соли 2018, тибқи барӯйхатгирии аҳолӣ, дар Навшаҳр 143,194 нафар сокинон зиндагӣ мекарданд.

Навшаҳр (Туркия)
тур. Nevşehir
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландӣ
1 224 м
Вақти минтақавӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 153 117 тан (2021)
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон 0384
Нишонаи почта 50000–50999
Коди мошинҳо 50
Вебгоҳи расмӣ(тур.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Навшаҳр дар замонҳои қадим аз ҷониби Хетҳо бунёд шудааст. Он замон Мушкара (Мушкар), (Навшаҳр), як деҳаи хурде дар водии дарёи Галис (ҳозира Кизилирмак) буд. Пас аз каме, Мушкара (Мушкар) аз ҷониби ошшуриён, фригиён ва соли 546 пеш аз милод аз ҷониби подшоҳиҲахоманишиён Куруши Кабир (Кири II) забт шуда буд. Соли 333 пеш аз милод шаҳрро лашкари Искандари Мақдунӣ забт кард. Пас аз марги Искандари Мақдунӣ Мушкара (Мушкар) ба давлати Селевкиён мутаалиқ буд, каме баъдтар он ба салтанати мустақили Каппадокия тобеъ гардид. Дар оғози давраи милодӣ, Мушкара (Мушкар) ба Рум ва Византия, зиёда аз 1000 сол, тааллуқ дошт.

Соли 2015 дар зери теппаи Навшаҳр як шаҳри зеризаминӣ кашф карда шуд, ки дар он аз ҳамлаҳои салҷуқиён ва дигар қабилаҳои забткунандагон тақрибан 20 ҳазор нафар пинҳон шуда метавонистанд. Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки онро сокинони Навшаҳр аз давраи аввали пайдоиши Византия то забти Имперотурии Усмонӣ фаъолона истифода мекарданд. Тибқи фарзияҳои дигар, он панҷ ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст[1]. Ин бузургтарин шаҳри зеризаминӣ дар ҷаҳон аст ва дуввумин шаҳри зеризаминӣ — Деринкую — дар масофаи 29 км дуртар аз Навшаҳр ҷойгир шудааст[2].

Пас аз 1071, шаҳрро қабилаҳои салҷуқиён забт карданд. Султони Рум Қилич-Арслони II кишварро байни писаронаш тақсим кард. Мушкара (Мушкар) ба Месут супорида шуд, аммо бародари калонӣ Сулаймон Рукнаддин ӯро маҷбур кард, ки шаҳрро ба ӯ супорад. Қудрати Салҷуқиён беш аз 200 сол давом кард. Соли 1308 шаҳр ба тобеияти Илхонҳои Муғулистон гузашт. Баъдтар, султонҳои Қароманоғуллар ва Зулқодироғуллар дар ин ҷо ҳукмронӣ кардаанд. Дар аввали асри XVI, шаҳр аз ҷониби туркҳои усмонӣ забт гардидааст. Дар асри XVII шаҳр номашро аз Мушкари қадим ба Навшаҳр иваз кард.

Дар соли 1954, Навшаҳр, маркази як минтақаи мустақил — вилояти Навшаҳр гардид.

Инчунин нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш