Вилоят (тақсимоти кишварӣ)

Вилоят (ар. ولاية‎‎) — воҳиди маъмурӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.

Баъди ташкил ёфтани давлати Дуррониҳо бо сардории Аҳмадшоҳи Дурронӣ (1847) сарзамини идорашавандаи ин давлат ба 4 вилоят: Қандаҳор, Кобул, Сиистон ва Синд тақсим гардида буд. Ҳоло (2014) Афғонистон аз 34 воҳиди маъмурӣ — вилоят иборат мебошад. Раиси ҳукумати иҷроияи вилоят волӣ мебошад, ки аз тарафи сардори давлат таъйин мегардад. Мутобиқи муқаррароти Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳар В. ҳуқуқи интихоби намояндагон (вакилон)-и худро ба мақоми олии қонунгузор (Вулуси ҷирга) ва Луи Ҷирга — мақоми олии намояндагии халқҳои кишвар дорад.

Адабиёт

вироиш