Иван Виноградов
Виноградов Иван Матвеевич (14.9.1891, вилояти Псков, Русия — 20.3.1983, Маскав) — риёзидони рус, академики АИ ИҶШС (1929), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1945, 1971).
русӣ: Иван Матвеевич Виноградов | |
Таърихи таваллуд | 2 (14) сентябр 1891[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 20 март 1983[2][3][4][…] (91 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | назарияи ададҳо[d], риёзиёт[6] ва algebraic number theory[d][6] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори фалсафа[d], доктори илмҳои физика ва метематика[d] ва магистр[3] (1915) |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | J. V. Uspensky[d] ва Andrey Markov[d] |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишгоҳи Петербург (1914). Солҳои 1918-20 дар Донишгоҳи Перм кор мекард (аз соли 1920 проф.), 1930-34 проф. Донишгоҳи Ленинград ва Институти политехникии Ленинград. Аз соли 1932 директори Институти математикаи ба номи В. А. Стеклови АИ ИҶШС. Таҳқиқоти В. дар бораи назарияи таҳлилии ададҳо мебошад. Чандин усули наверо ба вуҷуд оварда, бо ёрии онҳо баъзе муаммоҳоеро ҳал кард, ки дар оғози асри 20 барои математикон ҳалнашаванда маҳсуб мешуданд. Ӯ, аз ҷумла, бо баҳодиҳии суммаҳои тригонометрӣ аксари муаммоҳои назарияи ададҳоро ҳал кард ва натиҷаҳое ба даст овард (1934-35), ки ба натиҷаҳои ҳудудии масъалаҳои классикӣ, ба монанди муаммои Варинг, муаммои Ҳилберт-Камке, муаммои баҳодиҳии суммаи Вейл наздиканд. В. яке аз ду муаммои ҳалнашавандаи Голдбахро барои ба намуди суммаи се адади сода иваз кардани адади тоқ ҳал кард (1935-37). В. узви бисёр академия ва ҷамъиятҳои илмии ҷаҳон буд. Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1972), Мукофоти давлатии ИҶШС (1941, 1983). Бо 6 ордени Ленин ва ордени Револютсияи Октябр сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ http://www.mi.ras.ru/index.php?c=inmemoriapage&id=26537&l=1
- ↑ 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ http://www.britannica.com/EBchecked/topic/629518/Ivan-Matveyevich-Vinogradov
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118804693 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 6.0 6.1 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ 7.0 7.1 7.2 http://www.mi-ras.ru/index.php?c=inmemoriapage&id=26537&l=1
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт
вироиш- Виноградов Иван Матвеевич // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.