Виса
Виса (форсӣ: ویسه) — сипаҳбуди туронӣ, фарзанди Зодашму набераи Тур ва падари Пирон дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.
Ишорашуда дар китоби | Шоҳнома |
---|
Дар Авесто Виса ба шакли Ваесака омадааст. Паҳлавони бузурги эронӣ Тӯс аз эзадбону Аредвисура Аноҳита хоҳиш мекунад, ки дар набард бо писарони далери хонадони Виса ба ӯ пирӯзӣ бибахшад. Аредвисура Аноҳита ба ӯ комёбӣ бахшид. Писарони далери Виса низ ба Аредвисура Аноҳита назр пешкаш карданд ва пирӯзиро бар Тӯс хостор шуданд. Аредвисура Аноҳита хостори онҳоро напазируфт ва ба онҳо комёбӣ набахшид. Мувофиқи маълумоти асарҳои дигар, мас., «Бундаҳиш», Виса аз дудмони Фаридун буд: падараш Зодшам — писари Тур — писари Фаридун. Виса аму (амак)-и Афросиёб мебошад. Писарони далери Виса Пирон, Ҳумон, Бормон, Пилсаманд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз Виса — сипаҳбади Пашанг — падари Афросиёб ёд шудааст. (Сипаҳбад-ш чун Висаи тезчанг, Ки солор буд бар сипоҳи Пашанг), вале дар бораи писари тавонои ӯ — Пирон батафсил сухан рафтааст. Дар «Таърихи Табарӣ» ҳам аз Виса иттилое дода шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Виса / Г. Саъдиева // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.