Висоли Шерозӣ
Муҳаммадшафеъи Шерозӣ (форсӣ: محمدشفیع وصال شیرازی; 1783—1846, маъруф ба Висол) — аз шоирон, адибон ва хушнависони маъруфи шерозӣ дар садаи сездаҳуми ҳиҷрӣ буд[1]. Ӯ гоҳе осори хушнависии худро бо имзои «Мирзои Кӯчак» ва гоҳе бо номи «Висоли Шерозӣ» рақам мезад[2].
форсӣ: محمدشفیع وصال شیرازی | |
Таърихи таваллуд: | 1782 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1846 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ ва арабӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар зодгоҳаш аз донишмандону ҳунармандони гуногуни давр илмҳои замони худ ва ҳунари хаттотиро омӯхт. Дар ҷавонӣ бо тахаллуси Маҳҷур дар пайравии шуарои гузаштаи форс-тоҷик қасидаву ғазал, марсия ва маснавӣ гуфтааст. Аз Висол девоне боқист, ки аз 15 ҳазор байт иборат мебошад. Девони Висол дар Теҳрон (1968) ва маҷмӯаҳои ашъори ӯ дар Ҳиндустон (1873) ба табъ расидаанд. Маснавии «Базми Висол»-и ӯ аз ҳафт ҳазор байт иборат аст. Дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ китоби «Субҳи Висол»-ро навиштааст. Висол хост достони нотамоми «Фарҳоду Ширин»-и Ваҳшии Бофқиро (асри 16) ба охир расонад, вале ин корро иҷро карда натавонист. Рисолаи «Атвоқу-з-заҳаб»-и олими бузурги форс-тоҷик Замахшариро аз забони арабӣ ба форсии тоҷикӣ тарҷума намудааст. Дар соҳаҳои калом, ҳикмат, мусиқӣ, арӯз, тафсир рисолаҳои алоҳидаи манзуму мансур низ таълиф кардааст. Висол Қуръонро бо ҳафт навъи хат хушнависӣ карда буд. Ҳангоме ки шоҳи Эрон Фатҳалишоҳи Қоҷор (ҳукмронӣ 1797—1834) ба Шероз омад, Висол Қуръони китобаткардаву музайянсохтаи худ ва мадҳияеро ба ӯ тақдим кард. Фатҳалишоҳ ӯро ба хидмати дарбор даъват намуд. Висол инчунин «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ, девонҳои Хоқонӣ, Анварӣ, Ҳофиз, куллиёти Саъдии Шерозиро хаттотӣ намудааст, ки дар осорхонаҳои гуногуни олам мавҷуданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Висоли Шерозӣ / М. Муллоаҳмадов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.